Дар 9 моҳи соли равон аз Хуросон беш аз 4350 нафар сайёҳ боздид намудаанд
БОХТАР, 28.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон соҳаи сайёҳӣ рушд мекунад. Рӯз аз рӯз майли шаҳрвандони хориҷӣ барои омӯхтани фарҳанги бостонии халқи тоҷик, маконҳои таърихӣ ва бостоншиносӣ меафзояд. Ҳамзамон барои рушди сайёҳии дохилӣ низ тадбирҳо андешида мешаванд. Ҳамин тавр, тӯли моҳҳои январ — сентябри соли равон беш аз 4350 нафар сайёҳони дохилӣ мавзеъҳои таърихӣ ва зебоманзари ноҳияи Хуросони вилояти Хатлонро тамошо карданд. Дар ин бора раиси ноҳияи Хуросон Раҳматулло Сафарзода хабар дод.
Ба иттилои мавсуф, дар минтақа барои рушди сайёҳӣ ва обод намудани мавзеъҳои тамошобоб корҳои бузурге анҷом меёбанд; роҳҳо бунёд гардида, меҳмонхонаҳо ва марказҳои савдои муосир ба истифода дода шуданд.
«Хуросон мероси ғании таърихию фарҳангӣ дорад, ки ин сайёҳони ватаниву хориҷиро ҷалб месозад»,- гуфт Р. Сафарзода.
Бояд зикр намуд, ки имрӯз Хуросон соҳиби боғи фарҳангӣ, боғи миллӣ, 5 тарабхона, 4 меҳмонхона, 3 осорхона ва чойхона аст. Ба ҷуз ин, 6 макони муқаддаси бостонӣ, аз ҷумла Таъба-Тобеин, Гулчечак, Зокирҷон, Сурх, 7 маҷмааи ёдгориҳо ва 6 мағозаи фурӯши туҳфаҳо мавҷуданд.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷашни Наврӯз пули дӯстӣ байни миллатҳо мебошад
Блогерон ва хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ барои инъикоси Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Зарфияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT — 2026» муаррифӣ мегардад






