Дар барномаи «Набзи иқтисод»-и Радиои «Ховар» ин навбат МОИ «Суғд» мавриди таҳлили коршиносон қарор мегирад

Ноябрь 21, 2019 15:10

ДУШАНБЕ, 21.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Минтақаи озоди иқтисодии (МОИ) «Суғд» яке аз минтақаҳои  рушдкардаи мамлакат мебошад, ки аз соли 2008 инҷониб фаъолияти худро ба роҳ мондааст. 

Масоҳати замини он 320 гектарро  ташкил медиҳад, ки то кунун дар масоҳати 110 гектари он биноҳо ва иншооти зарурӣ сохта шудаанд. То ин муддат дар МОИ «Суғд»  27 субъект ба қайд гирифта шудаанд,  ки  қисме аз онҳо фаъолият намуда,  на танҳо маҳсулоти худро ба бозорҳои дохилӣ, балки ба хориҷи мамлакат низ содирот месозанд.

Ба иттилои масъулони МОИ «Суғд», дар  10 моҳи соли 2019  корхонаҳои фаъолияткунандаи минтақа ба  маблағи зиёда 132 млн. сомонӣ маҳсулот  истеҳсол намуданд, ки ҳаҷми содирот ба хориҷи ҷумҳурӣ ба беш 34 млн.  сомонӣ баробар гардидааст.

Маълумоти бештарро роҷеъ ба вазъи фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва дурнамои он дар барномаи таҳлилии «Набзи иқтисод» 22 ноябр, соати 08:30 ва такроран соатҳои 17:30, 21:00 дар таҳияи муаллиф ва муҳаррири барнома Абдураҳими Абдуқаҳҳор аз радиои «Ховар» бишнавед.

Ноябрь 21, 2019 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад