Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолиб ва ҷоизадорони Лигаи футболи ҷавонони ҷумҳурӣ сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 28.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолиб ва ҷоизадорони Лигаи футболи ҷавонони ҷумҳурӣ (U-18) баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ ноибони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев, Алишер Урунов, котиби генералии федератсия Давлатманд Исломов, директори Лигаи футболи кӯдакону наврасон Увайдо Давлатбеков ва узви Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон Фатҳулло Ҷалилов ширкат намуданд.
Дастаи Академияи Федератсияи футболи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев чемпиони Тоҷикистон миёни ҷавонон гардид. Медалҳои нуқраро дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва медалҳои биринҷиро дастаи «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор ба даст оварданд.
Хусрав Тоиров (Академияи ФФТ), Сафиаллоҳ Назарзода («Хатлон»), Шерзод Дадабоев («Барқчӣ») ва Партулло Хуршедзода («Орзу-2026») беҳтарин бозингарони Лигаи ҷавонон эътироф шуданд. Унвони беҳтарин мураббии солро ба Аҳлиддин Турдиев (Академияи ФФТ) лоиқ донистанд.
Ҳамзамон Абдулфаттоҳ Худойдодзода (Академияи ФФТ) беҳтарин нишонзан (22 гол), Алиҷон Айнӣ (Академияи ФФТ) беҳтарин футболбози чемпионат эълон шуданд.








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад






