Дар Душанбе таҳти унвони «Рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ» ҳамоиш гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 11.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020 дар мавзӯи «Рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар кори ҳамоиш вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомоти давлатӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳҳои мамлакат, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Муовини директори Маркази миллии қонунгузорӣ Фарҳод Маҳмадшозода зикр намуд, ки мақсад аз гузаронидани ҳамоиш- амалӣ намудани Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020, ҳалли мушкилоти ҳуқуқӣ, ҳадафҳои оянда, самтҳои сиёсати давлатӣ ва вазифаҳои дахлдор дар соҳаи моликияти зеҳнӣ маҳсуб меёбад. Стратегияи мазкур 3 июни соли 2014 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, тӯли панҷ сол барои рушди эҷодиёт, ихтироъкорӣ, соҳибкорӣ ва устувории мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ба сифати шарики баробарҳуқуқ, таъсиси заминаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқӣ, барои ҳамгироии неруи миллии зеҳнӣ ба неруи минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон дар ҳамоиш аз ҷониби иштирокчиён маърӯзаҳо вобаста ба мушкилоти ҷойдошта дар соҳаи мазкур, аз ҷумла «Аҳамияти моликияти зеҳнӣ дар амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҳимояи ҳуқуқ ва ҳифзи моликияти зеҳнӣ», «Моликияти зеҳнӣ чун маҷмааи ҳуқуқ», «Рушди корҳои илмию тадқиқотӣ ва ихтироотӣ дар соҳаи тиб», «Ҳифзи моликияти зехнӣ дар фазои интернет», «Истифодаи объектҳои моликияти зеҳнӣ дар шартномаҳои гражданӣ-ҳуқуқӣ», «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи муаллифӣ дар даврони истиқлолият», «Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ки назорати сифат ва бехатарии мол, кор, хизматрасониро анҷом медиҳанд», «Заминаҳои рушди моликияти зеҳнӣ дар самти илм ва маориф», «Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобати бевиҷдонона дар самти моликияти зеҳнӣ», «Субъектҳо ва объектҳои ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» ва масоили дигари ба он алоқаманд пешниҳод гардида, мавриди баррасии мутахассисон қарор гирифтанд.
Инчунин аз тарафи маърӯзачиён доир ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ таклифҳои судманд пешниҳод гардиданд.








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






