Дар Осорхонаи миллӣ ба шарафи Рӯзи Президенти Тоҷикистон намоиши асарҳои рассом Исуф Сангов доир мешавад
ДУШАНБЕ, 14.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 ноябр то 15 декабр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Об- сарчашмаи зиндагӣ» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, профессор Исуф Сангов баргузор мегардад.
Намоишгоҳ бо дастгирии Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ташкил шудааст.
Ҳамзамон дар намоишгоҳ асарҳои беҳтарини рассомӣ, ки таҳти унвони «Субҳи Роғун» (соли 1980), «Роғун» (соли 1981), «Канал» ва ғайраҳо, ки дар фонди захиравии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳифз ва ҳимоя карда шудаанд, ба маъраз пешниҳод карда мешаванд.
Дар намоишгоҳ зиёда аз 80 асари беҳтарини рассом ба тамошобинон манзур мегарданд, ки бештари онҳо ба мавзӯи об бахшида шудаанд. Дар расмҳо ин неъмат ҳамчун асоси ҳаёт ва сарвати табиии ҷумҳурӣ инъикос шудааст.
Исуф Сангов иброз медорад, ки «ман ташаббусҳои Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бо забони ранг тасвир мекунам. Асарҳои ман барои бедор намудани ҳисси эҳтиром ва муҳаббат ба табиат таҳия шудаанд».
Дар офаридаҳои мусаввири тоҷик Исуф Сангов, ки солҳои гуногун эҷод шудаанд, манзараҳои зебои табиати диёр, дарёҳо, кӯлҳо ва чашмасорон наққошӣ шуда, сарзамини моро чун сарчашмаи обҳои мусаффо муаррифӣ менамоянд.
Бояд тазаккур дод, ки 22 декабри соли 2016 дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълони Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо ҷонибдории 177 давлати аъзои СММ қабул гардида буд.
Исуф Сангов иштирокчии доимии намоишгоҳҳои гуногун ҳам дар ҷумҳурӣ ва ҳам берун аз он мебошад.
Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳ 15 ноябр, соати 17:00 оғоз мегардад.








Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
29 август дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоишгоҳи муштараки маҷозии Тоҷикистон ва Эрон ифтитоҳ ёфт






