Дар шаҳри Ваҳдат Озмуни шаҳрак ва деҳоти беҳтарин ҷамъбаст карда шуд
ДУШАНБЕ, 26.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо озмуни шаҳрак ва деҳоти беҳтарин гузаронида шуда истодааст.
Ин тасмим бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019 дар бораи “Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
Дар робита ба ин дар шаҳри Ваҳдат ҷаласаи Комиссияи озмунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба натиҷаҳои баргузории озмун ҷиҳати муайян намудани шаҳрак ва деҳоти беҳтарин баргузор гардид.
Дар ҷаласа раиси комиссияи шаҳрӣ, муовини якуми раиси шаҳр Абдувосеъ Ятимзода зикр намуд, ки дар доираи тайёрӣ ва гузаронидани озмуни мазкур корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ дар маҳалҳо вусъати тоза ёфта, дар баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ, беҳтар гардонидани вазъи соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва тоза нигоҳ доштани муҳити зист нақши муҳим мебозад.
Дар ин раванд қарори Раиси шаҳри Ваҳдат ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани Озмуни шаҳрак ва деҳоти беҳтарин бо ҳайати комиссия ва низомномаву меъёрҳои муайяни шаҳрак ва деҳоти беҳтарин таҳия ва тасдиқ гардида, дар асоси нақшаи чорабиниҳои ноҳия даври якуми он бо иштироки аъзои комиссияи ноҳиявӣ баргузор гардид ва аз натиҷаи он санади дахлдор тартиб дода шуд. Тибқи санади комиссияи ноҳиявӣ, ғолибони даври якум аз байни 11 ҷамоати деҳот ва шаҳрак ғолибони озмун муайян гаштанд.
Дар номинатсияи “Ҷамоати деҳоти беҳтарин” ҷои якум насиби Ҷамоати деҳоти “Бозорбой Бурунов” шуд. Ғолиби ҷои дуюм Ҷамоати деҳоти “Симиганҷ” ва ғолиби ҷои сеюм Ҷамоати деҳоти “Раҷаб Исмоилов” гардиданд.
Ба ғолибон ҳайати комиссия туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.










Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад






