Дар Тоҷикистон Чемпионати АФОМ-2019 миёни дастаҳои мунтахаби олимпии бонувон шурӯъ мешавад

Ноябрь 21, 2019 11:31

ДУШАНБЕ, 21.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 22 ноябр дар Тоҷикистон Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (АФОМ) миёни дастаҳои мунтахаби олимпии бонувони то 23-сола оғоз мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мусобиқа, ки то 28 ноябр дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор доир мегардад, дастаҳои мунтахаби бонувони 6 давлати узви АФОМ – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон ширкат мекунанд.

Ҳамагӣ дар доираи Чемпионати АФОМ-2019 миёни бонувон 15 бозӣ доир мешавад. Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор ва дастаи ғолиб аз рӯи холҳои бадастоварда маълум мегардад.

Дастаи мунтахаби олимпии бонувони Тоҷикистон (U-23) аввалин бозиашро 22 ноябр ба муқобили Эрон доир мекунад. Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, соати 17:00 оғоз мегардад.

Чемпионати АФОМ-2019 миёни дастаҳои мунтахаби олимпии бонувон (U-23)

Даври 1-ум

22 ноябр (ҷумъа)

14:00. Ӯзбекистон – Қирғизистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор

14:00. Афғонистон – Туркманистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

17:00. Эрон – ТОҶИКИСТОН. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

Даври 2-юм

23 ноябр (шанбе)

14:00. Эрон – Туркманистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор

14:00. Ӯзбекистон – Афғонистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

17:00. ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

Даври 3-юм

25 ноябр (душанбе)

14:00. ТОҶИКИСТОН – Афғонистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор

14:00. Қирғизистон – Эрон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

17:00. Туркманистон – Ӯзбекистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

Даври 4-ум

26 ноябр (сешанбе)

14:00. Ӯзбекистон – Эрон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор

14:00. Афғонистон – Қирғизистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

17:00. Туркманистон – ТОҶИКИСТОН. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

Даври 5-ум

28 ноябр (панҷшанбе)

14:00. ТОҶИКИСТОН – Ӯзбекистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор

14:00. Қирғизистон – Туркманистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

17:00. Эрон – Афғонистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

Акс аз ФФТ

Ноябрь 21, 2019 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд