Дар Тоҷикистон то охири моҳи октябр беш аз 330 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст

Ноябрь 2, 2019 10:00

ДУШАНБЕ, 02.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, то охири моҳи октябр дар ҷумҳурӣ 330 ҳазору 454 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 95 ҳазору 356 тонна зиёд мебошад.

Дар мамлакат кишоварзони вилояти Суғд ва Хатлон бештар ба истеҳсоли  пахта машғуланд.

Ба иттилои Сарраёсати омори вилояти Хатлон, то охири моҳи октябр дар 19 шаҳру ноҳияи пахтакори вилоят 228 ҳазору 475,5 тонна пахта ҷамъоварӣ ва ба корхонаҳои коркард супурда шудааст, ки 83,02 фисади дурнамои солонаро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, то ин муддат шаҳру ноҳияҳои Данғара, Бохтар, Дӯстӣ, Левакант ва Шаҳритуз дурнамои мавсимро пурра иҷро намуда, ноҳияи Носири Хусраву Хуросон ба андозаи 97,58 фоиз  ва 95,27 фоизи дурнамо ҳосили пахта ҷамъоварӣ намудаанд.

Пахтакорони ноҳияҳои Вахш, Фархор, Восеъ, Ҷ. Балхӣ, А. Ҷомӣ, Кӯлоб ва Ёвон, мутаассифона, то имрӯз дурнамои пахтасупориро аз 58,44 то 82,07 фоиз иҷро кардаанд, ки ин нишондиҳанда аз сатҳи вилоят камтар аст.

Зикр гардид, ки 19 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон хоҷагиҳои пахтакор дошта, дар мавсими имсола дар майдони 122 ҳазору 97 гектар пунбадона кишт шудааст. Кишоварзони вилоят ният доранд, ки дар ин мавсим 275,2 ҳазор тонна пахта рӯёнанд.

Тавре аз маркази матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, то охири моҳи октябр кишоварзони вилоят 107 ҳазору 753 тонна ​ «тиллои сафед» ҷамъоварӣ намудаанд, ки ин ба 83,5 фоизи нақша баробар аст.

То имрӯз пахтакорони навоҳии Ашт 12 ҳазору 868 тонна, Бобоҷон Ғафуров 15 ҳазору 532 тонна, Ҷаббор Расулов 10 ҳазору 829 тонна, Зафаробод 23 ҳазору 168 тонна, Конибодом 13 ҳазору 349 тонна, Мастчоҳ 21057 тонна ва Спитамен 10 ҳазору 851 тонна дурри гаронбаҳо ба хирман супоридаанд.

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки аз 1 то 4 ноябр дар ҷумҳурӣ  якбора номусоид шудани обу ҳаво дар назар буда, аз 1 ноябр дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии навоҳии тобеи марказ борони бошиддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр барф) меборад. Ин гуна шароити обу ҳаво барои бурдани корҳои саҳроӣ, нигоҳубин ва чаронидани чорво номусоид пешгӯӣ мешавад.

Мутахассисони соҳаи пахтакорӣ иброз медоранд, ки имсол ҳосилнокии пахта нисбат ба соли қаблӣ хубтар мебошад.

Ноябрь 2, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ