Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид
 
			
					
										ДУШАНБЕ, 11.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 6 то 10 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ миёни оҳангсозон, сарояндаҳо, навозандаҳо, шоирон ва ровиён даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор гардид.
Озмуни мазкур аз рӯйи чор номинатсия гузоронида шуд. Аз рӯйи номинатсияи навозандагӣ ва навозандаи анъанавӣ ҷойи аввал ба Ансамбли миллии созу навои «Дилнавоз»-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо гирифтани 44 хол дода шуд. Ҷои дуввумро Ҷовидон Ҳасанов аз шаҳри Душанбе бо касби 43 хол соҳиб гардид. Инчунин ҷои сеюм ба Шарифҷон Раҳимзода аз шаҳри Душанбе бо 40 хол ва ҷои чорум ба Масрур Асомиддинзода аз шаҳри Роғун бо 39 хол сазовор дониста шуд.
 Дар бахши навозандаи академӣ ҷои аввал насиби Ҷаннат Ҳусейнзода аз шаҳри Душанбе бо 48 хол гардид. Ҷои дуввумро Дилрабо Убайдуллоева аз шаҳри Хуҷанд бо 40 хол, ҷои сеюмро Улуғбек Ниёзов аз шаҳри Ҳисор бо 38 хол ва ҷои чорумро Дилангез Бекназарова аз шаҳри Хоруғ бо 34 хол сазовор гардиданд.
Дар бахши навозандаи академӣ ҷои аввал насиби Ҷаннат Ҳусейнзода аз шаҳри Душанбе бо 48 хол гардид. Ҷои дуввумро Дилрабо Убайдуллоева аз шаҳри Хуҷанд бо 40 хол, ҷои сеюмро Улуғбек Ниёзов аз шаҳри Ҳисор бо 38 хол ва ҷои чорумро Дилангез Бекназарова аз шаҳри Хоруғ бо 34 хол сазовор гардиданд.
Аз рӯйи номинатсияи оҳангсоз ҷои аввал ба Зафар Турдиалиев аз шаҳри Душанбе бо 50 хол, ҷои дуввум ба Бахтиёр Убайдзода аз шаҳри Душанбе бо 48 хол, ҷои сеюм ба сокини пойтахт Бахтовар Давлатов бо 46 хол ва ҷои чорум ба Назира Ҳамдамова аз шаҳри Хуҷанд бо 43 хол муносиб дониста шуд.
Дар бахши сарояндаи академӣ ҷои аввал ба сокини шаҳри Турсунзода Амрулло Калонов бо 70 хол лоиқ дониста шуд. Ҷои дуввум ба гурӯҳи «Трио» аз шаҳри Хуҷанд, ки 69 хол гирифтанд, насиб гардид. Ҷои сеюмро Ҳаётҷон Ҳамрохонов аз шаҳри Ҳисор бо 68 хол ва ҷои чорумро Далери Исматилло аз шаҳри Панҷакент бо 63 хол сазовор гардиданд.
Дар номинатсияи ровӣ ҷои аввалро ба сокини шаҳри Панҷакент Муштарӣ Сафарова бо 49 хол, ҷои дуввумро ба сокини ноҳияи Файзобод Шодмеҳр Давлатов бо 46 хол, ҷои сеюмро ба Динора Ҷабборова аз шаҳри Душанбе бо 44 хол ва ҷои чорумро ба Садаф Ҷангибекова аз ноҳияи Ишкошим бо 41 хол созовор донистанд.
Дар номинатсияи шоирӣ ҷои аввалро Бузургмеҳри Ҳаким аз шаҳри Ваҳдат бо гирифтани 46 хол ба даст овард. Ҷои дуввум сазовори сокини ноҳияи Тоҷикобод Сулаймони Аҳтам дониста шуд, ки аз ҷониби ҳакамон бо 42 хол баҳогузорӣ шуд. Ҷои сеюмро сокини ноҳияи Роштқалъа Назархудо Назархудоев бо 35 хол ва ҷои чорумро Санавбар Раҳимова аз шаҳри Душанбе бо 32 хол ба даст овард.
Ҳадафи озмун дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат ва беҳтарин намунаҳои ашъор, оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллию мероси ниёгон мебошад.
Бояд гуфт, ки барои Шоҳҷоизаи озмун 50 000 сомонӣ, ҷойҳои якум — 30 000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм — 20 000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм -15 000 сомонӣ мукофоти пулӣ пешбинӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 16 ноябр дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барандаи Шоҳҷоиза ва ҷойҳои ифтихорӣ муайян гардида, инчунин маросими супоридани диплому ҷоизаҳо ба ғолибони озмун ва консерти бошукӯҳ дар назар аст. Ғолибони озмун ҳуқуқи иштирок дар барномаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пайдо мекунанд.









 
						


 Намояндагони  Осорхонаи миллии Тоҷикистон  Осорхонаи миллии адабиёти Озарбойҷонро  тамошо карданд
Намояндагони  Осорхонаи миллии Тоҷикистон  Осорхонаи миллии адабиёти Озарбойҷонро  тамошо карданд Дар Кӯлоб таҳти унвони «Либоси миллӣ — оинаи тамаддун ва ҳуввияти миллӣ» фестивал доир шуд
Дар Кӯлоб таҳти унвони «Либоси миллӣ — оинаи тамаддун ва ҳуввияти миллӣ» фестивал доир шуд Дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шаҳраки қадимаи асри миёнагии Хутали қадим — шаҳри Андичароғ бозёфт гардид
Дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шаҳраки қадимаи асри миёнагии Хутали қадим — шаҳри Андичароғ бозёфт гардид «АНДАЛЕБ-2025». Ҳаваскорони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Фестивал-озмун гардиданд
«АНДАЛЕБ-2025». Ҳаваскорони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Фестивал-озмун гардиданд Китоби дарсии «Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои синфи 8 дар таҳрири нав ба нашр расид
Китоби дарсии «Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои синфи 8 дар таҳрири нав ба нашр расид Оид ба ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи илм ва маориф конференсияи байналмилалии илмӣ баргузор шуд
Оид ба ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи илм ва маориф конференсияи байналмилалии илмӣ баргузор шуд Дар ноҳияи Темурмалик тақсими «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Темурмалик тақсими «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ оғоз гардид Масъалаи  баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Масъалаи  баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Италия тақвият дода мешаванд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Италия тақвият дода мешаванд Сокинони шаҳри Кӯлоб соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и  Абулқосим Фирдавсӣ мегарданд
Сокинони шаҳри Кӯлоб соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и  Абулқосим Фирдавсӣ мегарданд Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегарданд
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегарданд Иди Меҳргон дар Хоруғ ботантана таҷлил карда шуд
Иди Меҳргон дар Хоруғ ботантана таҷлил карда шуд 
									 
									 
									 
									 
									





