Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 11.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 6 то 10 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ миёни оҳангсозон, сарояндаҳо, навозандаҳо, шоирон ва ровиён даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор гардид.
Озмуни мазкур аз рӯйи чор номинатсия гузоронида шуд. Аз рӯйи номинатсияи навозандагӣ ва навозандаи анъанавӣ ҷойи аввал ба Ансамбли миллии созу навои «Дилнавоз»-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо гирифтани 44 хол дода шуд. Ҷои дуввумро Ҷовидон Ҳасанов аз шаҳри Душанбе бо касби 43 хол соҳиб гардид. Инчунин ҷои сеюм ба Шарифҷон Раҳимзода аз шаҳри Душанбе бо 40 хол ва ҷои чорум ба Масрур Асомиддинзода аз шаҳри Роғун бо 39 хол сазовор дониста шуд.
Дар бахши навозандаи академӣ ҷои аввал насиби Ҷаннат Ҳусейнзода аз шаҳри Душанбе бо 48 хол гардид. Ҷои дуввумро Дилрабо Убайдуллоева аз шаҳри Хуҷанд бо 40 хол, ҷои сеюмро Улуғбек Ниёзов аз шаҳри Ҳисор бо 38 хол ва ҷои чорумро Дилангез Бекназарова аз шаҳри Хоруғ бо 34 хол сазовор гардиданд.
Аз рӯйи номинатсияи оҳангсоз ҷои аввал ба Зафар Турдиалиев аз шаҳри Душанбе бо 50 хол, ҷои дуввум ба Бахтиёр Убайдзода аз шаҳри Душанбе бо 48 хол, ҷои сеюм ба сокини пойтахт Бахтовар Давлатов бо 46 хол ва ҷои чорум ба Назира Ҳамдамова аз шаҳри Хуҷанд бо 43 хол муносиб дониста шуд.
Дар бахши сарояндаи академӣ ҷои аввал ба сокини шаҳри Турсунзода Амрулло Калонов бо 70 хол лоиқ дониста шуд. Ҷои дуввум ба гурӯҳи «Трио» аз шаҳри Хуҷанд, ки 69 хол гирифтанд, насиб гардид. Ҷои сеюмро Ҳаётҷон Ҳамрохонов аз шаҳри Ҳисор бо 68 хол ва ҷои чорумро Далери Исматилло аз шаҳри Панҷакент бо 63 хол сазовор гардиданд.
Дар номинатсияи ровӣ ҷои аввалро ба сокини шаҳри Панҷакент Муштарӣ Сафарова бо 49 хол, ҷои дуввумро ба сокини ноҳияи Файзобод Шодмеҳр Давлатов бо 46 хол, ҷои сеюмро ба Динора Ҷабборова аз шаҳри Душанбе бо 44 хол ва ҷои чорумро ба Садаф Ҷангибекова аз ноҳияи Ишкошим бо 41 хол созовор донистанд.
Дар номинатсияи шоирӣ ҷои аввалро Бузургмеҳри Ҳаким аз шаҳри Ваҳдат бо гирифтани 46 хол ба даст овард. Ҷои дуввум сазовори сокини ноҳияи Тоҷикобод Сулаймони Аҳтам дониста шуд, ки аз ҷониби ҳакамон бо 42 хол баҳогузорӣ шуд. Ҷои сеюмро сокини ноҳияи Роштқалъа Назархудо Назархудоев бо 35 хол ва ҷои чорумро Санавбар Раҳимова аз шаҳри Душанбе бо 32 хол ба даст овард.
Ҳадафи озмун дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат ва беҳтарин намунаҳои ашъор, оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллию мероси ниёгон мебошад.
Бояд гуфт, ки барои Шоҳҷоизаи озмун 50 000 сомонӣ, ҷойҳои якум — 30 000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм — 20 000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм -15 000 сомонӣ мукофоти пулӣ пешбинӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 16 ноябр дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барандаи Шоҳҷоиза ва ҷойҳои ифтихорӣ муайян гардида, инчунин маросими супоридани диплому ҷоизаҳо ба ғолибони озмун ва консерти бошукӯҳ дар назар аст. Ғолибони озмун ҳуқуқи иштирок дар барномаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пайдо мекунанд.










Муовини Сарвазири Бошқирдистон дар Осорхонаи миллӣ бо марҳилаҳои рушди давлатдории тоҷикон шинос гардид
Доир ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Дар Душанбе таҳти унвони «Забон — рукни муҳими Ваҳдати миллӣ» конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон сеюмин Синамоҷашнвораи миллии «Тоҷи Сомон» доир мешавад
Имрӯз даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сирк доир мегардад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Душанбе конфренсияи илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ доир шуд
Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китобхон» доир мегардад






