ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. «Ҷаҳоннамо» 24 соат бе таваққуф бо се забон барномаҳои иттилоотӣ ва таҳлилӣ пахш менамояд
ДУШАНБЕ, 21.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» тасмим дорад, ки шурӯъ аз соли 2020 дар доираи «Барномаи рушди телевизион ва радио» технологияҳои муқтадири соҳаро, ки тавони техникӣ ва иқтидори эҷодиро мустаҳкам менамоянд, ба шабака ворид карда, ҳамзамон дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои мамлакат дафтари намояндагии худро таъсис диҳад. Муассисаи мазкур имсол дар шаҳри Хуҷанд намояндагии худро кушод. Ҳамчунин соли равон «Ҷаҳоннамо» озмуни «Шаҳри ман» роҳандозӣ намуд, ки он дар арафаи Наврӯзи байналмилалии соли 2020 ҷамъбаст мегардад.
Ин дар ҳолест, ки бо қарори Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид шурӯъ аз соли 1997 ҳамасола дар ҷаҳон 21 ноябр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии телевизион (World Television Day) ҷашн гирифта мешавад.
Телевизион калимаи юнонӣ буда, маънояш «дуртар нигаред» мебошад. Ин технологияи телекоммуникатсионист, ки барои интиқол додани ҳаракати тасвир дар масофа тарҳрезӣ шудааст.
Аз нимаи дуюми асри XX телевизион ба ҷумлаи расонаҳои бонуфузе табдил ёфтааст, ки барои фароғат, таҳсил, гирифтани хабар ва таблиғ барои одамон хизмат мекунад.
Бо истифода аз ин фурсат мехоҳем дар бораи фаъолияти шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», ки аз оғози таъсис то имрӯз муддати 24 соат бе таваққуф бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ барномаҳои иттилоотӣ ва таҳлилӣ пахш менамояд, ба хонандагон маълумот диҳем.
Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 октябри соли 2008 таъсис ёфта, фаъолияти худро аз 5 ноябри соли 2008 оғоз кардааст.
Телевизиони «Ҷаҳоннамо» ба моҳвора пайваст буда, ҳудуди фарогирии он дар кишварҳои хориҷи дуру наздик тақрибан 60 фоизро дар бар мегирад. Муассисаи мазкур бо шабакаи телевезионии «Ал-ҷазира»-и давлати Қатар, шабакаи телевезионии «Пресс-ТВ»-Ҷумҳурии Исломии Эрон, «РашаТудей»-и Федератсияи Россия, шабакаҳои телевизионии «Нурин» ва «Орзу»-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, бахши форсии шабакаи «Би-Би-Си»-и Британияи Кабир ва ғайраҳо робитаҳои ҳамкорӣ ба роҳ мондааст.
Тавре аз Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин шабака моҳи марти соли 2015 барои нишондоду дастовардҳо дар соҳаи идоракунӣ, баланд бардоштани сифати кору маҳсулот, ҷорӣ намудани технология ва инноватсияҳои ҷадид дар шаҳри Женеваи Швейтсария аз ҷониби ширкати байналмилалии «Би-Ай-Ди» ба дарёфти Ҷоизаи тиллоии байналмилалии «Тоҷ барои сифат» сазовор гардида буд.
«Ҷаҳоннамо» шабакаи иттилоотии саросарии мамлакат буда, мақсад аз таъсиси он таъмини аҳолӣ бо иттилооти муфиду саривақтӣ, баланд бардоштани сифат ва фаврияти иттилоот дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, ҳаёти иҷтимоӣ, илму фарҳанг ва дигар ахбори муҳим аз мамолики хориҷи дуру наздик маҳсуб мешавад.
Самтҳои асосии фаъолияти муассисаро таъмини аҳолии ҷумҳурӣ бо иттилооти наву дақиқ, сареъ, саҳеҳ аз дохил ва хориҷи он, таблиғи ғояҳои ваҳдати миллӣ, афзалият додан ба арзишҳои миллию умумибашарӣ, демократия, сулҳу субот ва инсонпарварӣ ташкил медиҳад.
Телевизиони «Ҷаҳоннамо» дар маҷмӯъ аз 3 идораи эҷодӣ — «Хабар», «Барномаҳои таҳлилӣ», «Нашри барномаҳо» иборат буда, ҳамзамон дар он бахши хабарҳои хориҷӣ бо номи «Дунё» низ фаъолият мекунад. Ҳайати «Ҷаҳоннамо»-ро мутахассисони варзида, хатмкардагони донишгоҳҳои олӣ, номзадҳои илм, аспирантон, магистрони илмӣ ва иштирокчиёни семинару тренингҳои байналмилалӣ ташкил медиҳанд.
Дар шабакаи «Ҷаҳоннамо» дар баробари барномаҳои иттилооотӣ, ҳамзамон барномаҳои таҳлилӣ низ таҳия ва пахш мегарданд. Барномаҳои таҳлилии ин шабака бештар фарогири мавзӯъҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ буда, дар инъикос ва ошкорнамоии камбудиҳои иҷтимоӣ саҳми босазо доранд.
Барномаи таҳлилии «Геопалитика», «Иқтисод», «Айём», «Хати сабз», «Ҷаҳони иртибот» ва ғайраҳо аз сербинандатарин барномаҳои таҳлилии шабака ба ҳисоб мераванд.
Дар маҷмӯъ, тақрибан ҳудуди 80 дарсади барномаҳои телевизиони «Ҷаҳоннамо» иттилоотӣ мебошанд.
Вазифаи асосии шабака, пеш аз ҳама, бо иттилои зарурии ҳам дохиливу ҳам хориҷӣ таъмин кардани аҳолии мамлакат аст, баъдан муаррифии Тоҷикистон дар арсаи чаҳон ва нишон додани мавқеи он дар муносибат бо воқеаву рӯйдодҳои мухталифи чаҳон тавассути барномаҳои ангилисиву русӣ мебошад. Аз сабаби он ки бештари аудиторияи ин шабакаро тоҷикзабонон ташкил медиҳанд, аз ин рӯ бештари барномаҳо бо забони тоҷикӣ пахш мегарданд.
Аз ин бармеояд, ки аз 24 соати вақти эфири шабака танҳо 4 соати онро барномаҳои хабарии англисиву русӣ ташкил медодаанд, яъне аз шаш як ҳиссаи маҷмӯи барномаҳо бо забони хориҷӣ ва панҷ ҳиссаи боқимондаи он бо забони давлатӣ пахш мегарданд.
Барномаи «Дунё» танҳо бо забони тоҷикӣ пахш мешавад. Ин барнома рӯйдодҳои ҷаҳонро фаро мегирад ва бидуни наттоқ, вале бо истифода аз садои наттоқон ба бинандаи худ пешниҳод мегардад. Яъне, дар ин барнома танҳо навору садои журналист истифода мешавад.
Агар аз 24 соати барномаҳо тақрибан 16 соати он аз барномаҳои хабарӣ иборат бошад, 14 соати боқимондаро барномаҳои таҳлиливу сиёсӣ, фарҳангиву маърифатӣ ва суҳбатҳо ташкил медиҳанд, ки дар фосилаи миёнаи барномаҳои «Хабар», «News», «Новости», «Дунё», пахш мегардад.
Шабакаи иттилоотии «Ҷаҳоннамо» аз тарафи давлат маблағгузорӣ карда мешавад. Бинанда дар барномаҳои хабарии «Ҷаҳоннамо» танҳо маълумоти кӯтоҳеро оид ба воқеа, рӯйдодҳои дар ҷаҳон рухдиҳанда ба худ мегираду халос, шарҳи бештари онҳо тавассути барномаҳои алоҳида пешниҳоди бинанда мегардад.
Телевизиони «Ҷаҳоннамо» ягона телевизиони иттилоотӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки тӯли 24 соат ба пахши рӯйдоду навигарӣ, барномаҳои таҳлилию иттилоотӣ ва фарҳангиву фароғатӣ машғул аст.
Шабакаи иттилоотии «Ҷаҳоннамо» имрӯз миёни мардум ҷойгоҳи муносибе пайдо намудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар ҷаҳон давлате нест, ки дар он шабакаҳои телевизионӣ фаъолият надошта бошанд. Дар Тоҷикистон 3 октябри соли 1959 аввалин бор Студияи телевизиони Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуд, ки ин як рӯйдоди муҳими фарҳангӣ дар ҳаёти мамлакат буд. Нахустин наттоқон, аз ҷумла Рафоат Абдусаломова бо салому паёми худ ба барномаи «Ахбор»-и телевизон ҳусни оғоз бахшида буд. Он вақт барномаи иттилоотии «Ахбор» аз 3 дақиқа иборат буд ва дигар филмҳои кӯтоҳметражи ҳуҷҷатию тасвирӣ намоиш дода мешуданд.Намоишҳои аввалини Телевизиони Тоҷикистон қариб якуним соат давом мекарданд. То охири соли 1960 ҳаҷми барномаи иттилоотии «Ахбор» 10 дақиқа ва ҳаҷми умумии барномаҳои ҳаррӯза ба 3 соату 30 дақиқа расонида шуд. Мутобиқи маълумоти оморӣ, соли 1959 дар пойтахт-шаҳри Душанбе қариб 300 адад телевизор мавҷуд буд, ки аз он бинандагон ғизои маънавӣ мегирифтанд.
Бори аввал 2 феврали соли 1960 студияи сайёри телевизионӣ (ССТ) ба фаъолият оғоз кард ва аз 1 июли ҳамон сол намоишҳо ҳамарӯза пахш гардиданд. Соли 1961 Идораи «Тоҷиктелефилм» таъсис ёфта, бо эҷоди филмҳои бадеӣ, мустанад, тасвирӣ ва филм-консертҳо фонди «тиллоӣ»-и Телевизиони Тоҷикистонро ғанӣ гардонид. Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат шабакаҳои нави телевизионӣ — «ТВ Сафина», «Баҳористон», «Варзиш», «Синамо», «Футбол» ва «Шаҳнавоз» таъсис ёфтанд.
Яке аз дастовардҳои дигари соҳаи телевизион дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба пахши рақамӣ гузаштани он мебошад. Ин омил имконият медиҳад, ки намоишҳо бо сатҳу сифати баланди садову симо ба тамошобин пешкаш гарданд.
Ҳоло дастгоҳҳои наворбардорӣ, танзим ва пахши барномаҳо бо шакли навтарини технологияи коммуникатсионӣ фаъолият менамоянд, ки аз дастовардҳои навтарини техникаи соҳаи телевизионӣ мебошанд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»