Корманди Кумитаи идораи замини шаҳри Бохтар барои ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ҷарима шуд
ДУШАНБЕ, 11.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Суди шаҳри Бохтар нисбат ба корманди Кумитаи идораи замини шаҳри Бохтар барои қаллобӣ ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ҷазо дар намуди ҷарима таъйин намуд.
Тавре аз маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Кенҷаев Дилшод Маҳмадраҷабович аз 1 феврали соли 2017 то 2 январи соли 2018 ҳамчун мутахассиси Кумитаи идораи замини шаҳри Бохтар фаъолият карда, дар ин давра бо суиистифодаи мақоми хизматӣ ба боварии шаҳрванд Қодиров Абдуқаҳор Набиевич, сокини маҳаллаи Гулистони шаҳри Бохтар медарояд.
Номбурда дидаю дониста, ки ваколати ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигиро надорад, замини ёрирасони шахсии падараш Қодиров Набиҷон Маҳмадовичро ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ фурӯхта, ба манфиати шахсиаш истифода бурдааст.
Ба иттилои манбаъ, Прокурори шаҳри Бохтар нисбат ба Д. Кенҷаев бо моддаҳои 247 қисми 3 банди «а» ва 3381 қисми 2 бандҳои «а,в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қаллобӣ ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, пас аз анҷоми пешбурди тафтишот ба суд ирсол намуд.








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






