Коршиносони тоҷик масъалаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва истифода аз таҷрибаи ҷаҳониро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 27.11.2019./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Масъалаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: арзёбии мафҳум, ҷанбаҳои миллӣ ва истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ» ҳамоиш доир гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, воситаҳои ахбори омма, коршиносон ва дигар ташкилоту муассисаҳои марбута иштирок намуданд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода зимни ифтитоҳи ҳамоиш зикр кард, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 7 ҳизби сиёсӣ ва зиёда аз 2 ҳазору 500 созмонҳои ҷамъиятӣ бо дархосту пешниҳодҳои созандаи худ дар ҷомеа таъсиргузор буда, дар доираи талаботи оинномавии худ ба хотири пешрафти соҳаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии давлат саъю кӯшиш намуда истодаанд.
Бе ҷомеаи шаҳрвандӣ, — гуфт Диловар Қодирзода, истиқлоли давлатиро тасаввур кардан номумкин аст. «Зеро ин соҳаи фаъоли шаҳрвандон, ки мақсадҳои иқтисодӣ, маданӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиро пайгирӣ мекунад, ба назорати фаъолияти давлат равона шудааст»,- афзуд мавсуф.
Зикр гардид, ки робитаи пайвастаи давлат бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ гарави устуворӣ ва фаъолнокии рушди истиқлоли давлатӣ мебошад.
«Пайдоиши созмонҳои ҷамъиятӣ ва фаъолияти густурдаи онҳо яке аз нишонаҳои демократия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ рушди минбаъдаи чунин раванд муҳим ба шумор меравад»,- афзуд Диловар Қодирзода.
Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳаммадӣ Сафолзода таҳлили масъалаи баррасишавандаро муҳим ва саривақтӣ шуморид.
Муҳаммадӣ Сафолзода бо таҳлили амиқи масъалаи баррасишаванда зикр намуд: «Бештари масъалаву вазифаҳое, ки дар паёмҳои ҳарсолаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳури Тоҷикистон барои то соли 2030 инъикос гардидаанд, ба туфайли ҳамкориву мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ, хосатан, яке аз рукнҳои фаъоли он — Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд».
Дар ҷомеаи озод ва демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон, — гуфт мавсуф, таваҷҷуҳи аҳолӣ ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ бештар гардида, кӯшиши иштирок дар дигаргунсозии ҳаёти ҷомеа яке аз шартҳои ноил шудан ба пешрафту тараққиёт ва суботу амният мебошад.
Гуфта шуд, ки ба ғайр аз Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқие қабул гардидаанд, ки барои фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ заминагузор мебошанд.
Бояд зикр намуд, ки 27 январи соли 2017 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз ҷумла чунин иброз доштанд: «Ҷомеаи шаҳрвандӣ воситаи муҳими таъсиррасонӣ ба раванди ислоҳоти сохтори давлатдорӣ ва такмили қонунгузорӣ буда, барои бартараф кардани камбудиву мушкилоте, ки дар сохтори идораи давлат ба назар мерасанд, кумак мекунад. Қисми зиёди ташкилоту созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар доираи ҳамин талабот дар ҷараёни муҳокимаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, баргузории раъйпурсиву интихобот, ислоҳоти сохторӣ ва дигар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ мунтазам иштирок карда, то ба имрӯз як қатор ташаббусу пешниҳодҳо амалӣ гардиданд, ки онҳо, дар маҷмӯъ, ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, суботи сиёсӣ, тавсеаи фарҳанги сулҳ ва такмили қонунгузорӣ мусоидат намуданд».
Ёдовар мешавем, ки иштирокдорони ҳамоиш оид ба мавзӯъҳои таҷрибаи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мамлакатҳои Аврупо ва аҳамияти он барои Тоҷикистон, ҷанбаҳои истилоҳии мафҳуми созмонҳои ғайридавлатӣ, нақши ваҳдати миллӣ дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар мавзӯъҳо мубодилаи афкор намуданд.
Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»








Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд






