Маҳмадалӣ Ватанзода дар мулоқоти VII котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои ИДМ дар Москва иштирок намуд

Ноябрь 21, 2019 10:46

ДУШАНБЕ, 21.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 20 ноябри соли 2019 дар Москва мулоқоти VII котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ. Дар кори он Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода иштирок намуд.

Бино ба иттилои ТАСС, дар мулоқоти солона котибони шӯроҳои амнияти Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, Озарбойҷон — Рамил Усубов, Арманистон — Армен Григорян, Беларус — Станислав Зас, Қазоқистон — Калмуханбет Қасимов, Қирғизистон — Дамир Сагинбаев, Ӯзбекистон — Виктор Маҳмудов ва котиби Шӯрои олии амният ва вазири мудофиаи Молдова Виктор Гайчук дар пойтахти Россия ҷамъ омаданд.

Дар баробари ин, дар мулоқот муовини раиси ҳукумат — вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Сербия Небойша Стефанович ва мушовири амнияти миллии президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳамдулло Муҳиб ҳамчун меҳмонони даъватшуда ширкат варзиданд.

Дар мулоқот масъалаҳои муҳими таъмини амният дар қаламрави давлатҳои ИДМ муҳокима гардиданд.

Мулоқотро  котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев раисӣ кард. Ӯ мулоқотро оғоз бахшида, зикр намуд, ки иштирокчиёни ҷаласаро зарур аст роҳҳои муштараки ҳалли мушкилоти мавҷударо бо мақсади таъмини амният дар фазои Иттиҳод таҳия намоянд. Вай инчунин таъкид кард, ки тадбирҳои дар ҷаласаи қаблӣ дар соли 2018 таҳияшуда ба кор дар самти ташкили табодули иттилооти таҳлилӣ дар бораи ташкилотҳои террористӣ такони ҷиддӣ бахшиданд. Илова бар ин, ҳамкории низомӣ-техникии кишварҳои ИДМ ва таҳияи чораҳои муштарак ҷиҳати пешгирии фаъолияти иштирокчиёни созмонҳои байналмилалии террористӣ рушди мусбат ба бор овард.

Зимни сухани ифтитоҳии худ раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ба иштирокчиёни ҷаласа дар бораи вазъияти умумии ИДМ маълумот дод. Ӯ зикр намуд, ки чорабинии марказии сол, бешубҳа, ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ буд, ки 11 октябр дар Ашқобод баргузор гардид. Дар ҷараёни нишаст сарони давлатҳо ба муҳокимаи масъалаҳои амният таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Албатта, ин табиист, зеро вазъ дар ҷаҳон рӯ ба беҳбудӣ наовардааст ва мураккаб боқӣ мемонад. Ноустуворӣ қариб дар тамоми минтақаҳои сайёра ҷой дорад.

Бо вуҷуди талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, сатҳи таҳдиди террористӣ паст намешавад. Ҳоло ҷойивазкунии фаъоли террористон аз минтақаи Сурияву Ироқ ба сарҳадҳои ҷанубии Иттиҳод ҷараён дорад. Аз ин минтақаҳо ба қаламрави давлатҳои ИДМ ва дигар кишварҳои ҳамсоя ҷангиён-террористон, ки барои анҷоми амалҳои тахрибкорона омода карда шудаанд, мегузаранд ва миёни онҳо шумораи зиёди муҳоҷирон аз кишварҳои мо ҳастанд.

Сергей Лебедев иброз дошт, ки дар чунин шароит сарони давлатҳо якдилона тасдиқ карданд, ки ҳамкорӣ дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир самти афзалиятноки фаъолият дар доираи ИДМ боқӣ мемонад.

Дар заминаи масъалаҳои амният, муборизаи шадид на танҳо барои имрӯз ва оянда, балки барои гузашта низ ҷараён дорад. Инҷо гап сари хотираи таърихии давлатҳо ва халқҳои мо меравад, ки онҳо барои нест кардан ва иваз кардани онҳо талош мекунанд. Солҳои охир кӯшишҳои беш аз пеш пайваста ва хашмгинтар ба паст кардани нақши халқҳои кишварҳои Иттиҳод дар ғалаба бар фашизм ва зери шубҳа гузоштани натиҷаҳои ҷанги гузашта зоҳир мегарданд.

Аз ин рӯ, Муроҷиати сарони давлатҳо ба мардумони Иттиҳод ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба муносибати 75-солагии Ғалабаи мардуми шӯравӣ дар ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ки дар саммити Ашқобод якдилона қабул карда шуд, аҳамияти муҳим дорад. Дар он саҳми ҳалкунандаи  халқҳои давлатҳои узви ИДМ барои ба даст овардани шикасти ниҳоии фашизм дарҷ шудааст. Он фарогири даъват барои муқовимати қатъӣ ба эҳёи мафкураи натсизм, инчунин муттаҳид сохтани кӯшишҳо дар ташаккули тартиботи одилонаву амн дар ҷаҳон бо риояи принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии эътирофшуда мебошад.

Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев фаъолияти Иттиҳодро дар таъмини субот ва амният шарҳ дода, гуфт, ки бо иштироки бевосита ва кумаки котибони шӯроҳои амният он пайваста мувофиқи дархост ва талаботи замон такмил ёфта, рушд мекунад.

Ҳамкории мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои ИДМ дар ошкор ва пайгирӣ намудани гардиши пул, ки дар натиҷаи ҷиноятҳои иқтисодӣ гирифта шудаанд, инчунин ҷилавгирӣ аз кӯшиши фиристонидани онҳо барои маблағгузории терроризм фаъолтар гардид.

Роҳандозии иқтидори ҳамкории ҳарбӣ ҳам дар самтҳои анъанавӣ ва ҳам куллан нав амалӣ гашта истодааст. Имсол, дар баробари такмил додани воситаҳои МЗҲ (мудофиаи зиддиҳавоӣ), рушди ҳамкории кишварҳои Иттиҳод дар соҳаи истифодаи ҳавопаймои бесарнишин идома ёфт.

Механизми амалиёти якҷояи мақомоти салоҳиятдор дар ҳолати пайдоиш ва ҳалли ҳолатҳои буҳронӣ дар сарҳадҳои берунии Иттиҳод такмил дода мешавад.

Дар хотима Сергей Лебедев гуфт, ки мулоқоте, ки аллакай дар чунин шакл  анъанавӣ гаштаанд, имкон медиҳанд манфиатҳои миллӣ ва якҷояи  давлатҳои Иттиҳод муттаҳид шаванд, тарҳи ягонаи муносибатҳо дар таъмини амнияти муштарак дар заминаи шарикӣ бунёд карда шавад.

Главы делегаций в своих выступлениях поделились опытом работы по противодействию современным вызовам и угрозам, а также отметили актуальность внесенных на обсуждение вопросов.

Роҳбарони ҳайатҳо дар суханрониҳо оид ба таҷрибаи худ дар мубориза бо хатару таҳдидҳои муосир мубодилаи афкор намуда,  инчунин муҳимияти масъалаҳои барои муҳокима пешниҳодшударо зикр карданд.

Ноябрь 21, 2019 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст
Дар Душанбе масъалаи татбиқи марҳилаи дуюми низоми «Шаҳри бехатар» баррасӣ шуд
Дар Суғд нахустин гурӯҳи даъватшавандагонро ба таври тантанавӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд
Ҷавонписарони сарбаланди шаҳри Роғун хизмат дар сафи Артиши миллиро барои худ шараф медонанд
Модарони ноҳияи Варзоб фарзандонашонро бо дуои нек ба хизмати Ватан-Модар гусел намуданд