Мутахассисони шаҳри Қазон донишҷӯёни Тоҷикистонро бо технологияи муосири журналистикаи телевизионӣ шинос менамоянд
ДУШАНБЕ, 11.11.2019 АМИТ /«Ховар»/. Кормандони ботаҷрибаи шабакаҳои телевизионии Тотористон, устодони донишгоҳҳои федералии Қазон меҳмони ҷумҳурии Тоҷикистонанд. Ҳадафи ташриф барпо намудани семинари махсус оид ба журналистикаи телевизион барои рӯзноманигорони оянда аст. Семинар аз 12 то 14 ноябр дар Душанбе идома меёбад. Дар ин бора аз Институти тадқиқотии Осиёи Марказӣ иттилоъ доданд.
Дар байни мавзӯъҳои баррасишаванда дар чорчӯбаи семинари «Журналистикаи телевизион дар фазои муосири ВАО-и Авруосиё: усулҳо ва технологияҳо» жанрҳо ва шаклҳои журналистикаи телевизион, навъҳои гузоришҳои хабарӣ, кор бо манбаъхо ва воситаҳои ахбори иҷтимоӣ, принсипҳои ташаккули матни хабарӣ, сохтори сужа, принсипҳои ахлоқӣ дар журналистика ва боз масъалаҳои дигари муҳим қарор доранд.
Асосҳои назариявӣ, ки барои омӯзиш пешниҳод шудаанд, мустақиман ҳангоми таҳлил бо вазифаҳои амалӣ тақвият меёбанд. Ин ҳама ба он хотир аст, ки омӯзиши мавод ҳаддалимкон самаранок бошад. Ғайр аз ин, иштирокчиёнро дар анҷом семинари мукаммал оид ба гузаронидани стендапҳои инфиродӣ бо назардошти маводи омӯхташуда дар пеш аст.
Ба сифати роҳбарони семинар директори Мактаби олии журналистика ва иртиботи ВАО-и Донишгоҳи федералии Қазон (ДФҚ) Леонид Толчинский, ровии шабакаи «Эфир», роҳбари Озмоишгоҳи омӯзишӣ ва амалӣ дар UNIVER TV, Институти илмҳои иҷтимоӣ, фалсафӣ ва коммуникатсияи оммаи ДФҚ Лайсан Абдуллина, ҳамчунин устоди калон, сармуҳандиси Маркази ВАО-и шабакаи телевизионии донишҷӯии UNIVERSMOTRI Алмаз Хазиев баромад хоҳанд кард.
Семинари мазкур аз ҷониби Институти таҳқиқотии Осиёи Марказии ANO ва шарики ғайритиҷоратии Маркази иттилоотию таҳлилии «Минтақаи Авруосиё -Поволжйе» баргузор мешавад.








Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид






