ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок шуда, борон меборад

Ноябрь 1, 2019 08:05

ДУШАНБЕ, 01.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, боридани борони шиддатнок дар назар аст. Дар  баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ борон борида, шабона дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазору 500 метр барф меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда,  дар ғарби вилоят боридани борон дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят борон ва барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1+6   ва рӯзона 8+13 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 7-12 дараҷа  хунук ва рӯзона 2+7  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, борон меборад. Шабона  дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазору 500 метр барф меборад.  Шамол аз самти  ғарб бо суръати 5-10 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5  ва   рӯзона    6+11  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво  абрнок шуда,  борон меборад. Раъду  барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 ва рӯзона 17+22  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона  12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар  ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон шиддат гирифта, шабона дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазору 500 метр барф меборад. Раъду  барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 7+12  ва рӯзона 15+20  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  1+6  ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои абрнок  шуда, борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 9+11 ва  рӯзона  16+18 дараҷа гарм мешавад.

Ноябрь 1, 2019 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад