Ғолибони озмуни «Беҳтарин шеъри бачагона» муайян шуданд

Ноябрь 21, 2019 14:14

ДУШАНБЕ, 21.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Ҷумҳурият» дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тарбияи насли ояндасози миллат дар роҳи худогоҳиву худшиносӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ташаккули ҳисси ватандӯстӣ ва илмомӯзиву фарҳангпарварӣ дар замири онҳо озмуни «Беҳтарин шеъри бачагона»-ро дар шаҳри Хуҷанд барпо намуданд.

Тавре ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло аз шаҳри Хуҷанд хабар дод, дар озмун, ки аз 1 июни соли 2018 то 19 ноябри соли 2019 идома ёфт, зиёда аз 100 муаллиф иштирок карда, беш аз 300 шеъри тозаэҷоди онҳо дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шуд.

Имрӯз ин озмун дар толори Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти ҶумҳурииТоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шӯҳрат Азиззода, сармуҳаррири «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода ва аҳли фарҳанг ҷамъбаст гардид.

Ҷойи аввал ба Ҷумъагул Назар аз шаҳри Ваҳдат, ҷойҳои дуюм ба Султонмурод Ҳоҷибоев ва Ёсумани Шерафкан аз Айнӣ, ҷойҳои сеюм ба Шукронаи Тоҳир, Мирзо Рустамзода аз Душанбе дода шуданд.

Ду ҷоизаи махсуси озмун ба Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ва Шоири халқии Тоҷикистон Ҷӯра Ҳошимӣ тақдим шуд.

Ҳамчунин ба як гурӯҳ шоирони шинохта, аз ҷумла Муҳаммад Ғойиб, Алӣ Бобоҷон, Латофати Кенҷа, Озар Салим ва чанде аз шоирони наврас ифтихорнома ва туҳфаҳо тақдим гардиданд.

Ноябрь 21, 2019 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд