Олими тоҷик дар конференсияи МАГАТЭ оид ба сифати ҳаво иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 25.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 29 ноябр дар пойтахти Португалия-шаҳри Лиссабон Конференсияи Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ (МАГАТЭ) оид ба сифати ҳаво баргузор мегардад. Тоҷикистонро дар ин ҳамоиши сатҳи баланд мудири озмоишгоҳи физикаи атмосфераи Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Чумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаю математика профессор Сабур Абдуллоев намояндагӣ мекунад.
Тавре аз Институти мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар конференсия дар баробари Тоҷикистон иштироки намояндагони 16 давлати Аврупо ва Қазоқистон дар назар дошта шудааст.
Ба иттилои манбаъ, иштирокдорони ҳамоиши Лиссабон ба таҳлили натиҷаҳои мониторинги заррачаҳои то 2.5 мкм дар атмосфера бахшида шуда, самти ҳаракати сели ҳаво ва манбаъҳои пайдоиши ин гуна заррачаҳоро муайян месозанд.
Мавриди зикр аст, ки озмоишгоҳи физикаи атмосфера аз давраи ташкил (соли 1986) то ин вақт оид ба масъалаҳои муосири физикаи атмосфера таҳқиқоти назаррас гузаронидааст. Кормандони он дар чандин экспедитсияҳои байналмилалӣ оид ба омӯзиши атмосфера фаъолона иштирок намуданд.








«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд






