Олимони тоҷик дар расадхонаи «Санглох» тадқиқоти таркиши ситораҳои навро ба роҳ монданд

Ноябрь 19, 2019 13:00

ДУШАНБЕ, 19.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Олимони Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон мушоҳидаҳои гуногунранги таркиши ситораҳои навро дар Расадхонаи астрономии байналмилалии «Санглох» иҷро карда истодаанд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори ин муассисаи илмии ҷумҳурӣ Гулчеҳра Қоҳирова хабар дод.

«Тӯли шаш моҳ аст, ки омӯзиши таркиши ситораҳои нав дар Расадхонаи «Санглох» ба роҳ монда шудааст. Мавқеи беназири иқлими астрономии расадхона ҳамкасбони хориҷии моро боз ҳам дар ҳайрат гузоштанд. Фаъолияти олимони тоҷик аз ҷониби ҳамкасбони хориҷӣ қадр гардида, онҳоро дар барномаи байналмилалии VSNET (Variable Star Network-Шабакаи тағйирёбии ситораҳо) ворид карданд, ки ташаббускори онҳо Расадхонаи астрономии миллии «Япония» ба ҳисоб меравад», — гуфт доктори илмҳои математика ва физика Гулчеҳра Қоҳирова.

Ба нақли олими тоҷик, аз рӯи мушоҳидаҳои гуногунранги  таркиши ситораи нав дар бурҷи Қу (расми.1) ноустуворӣ дар қурси фишурдаи ситораи навтарин ошкор гардид, ки дар натиҷа ситораҳои паканаро ба вуҷуд меорад. Дар вақти мушоҳида ва таҳқиқи таркиши ситораи MASTER (расми.2) тағйирёбии лаппиши дурахшонии ӯ бо даври 1.5 соат ба қайд гирифта шуд.

Таъкид гардид, ки мушоҳидаи ситораҳо дар расадхонаи «Санглох» дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон якумин бор ба роҳ монда шудааст. Ин натиҷа барои таҳлили таҳаввули ситораҳои мазкур хеле муҳим аст. Чунин мушоҳидаҳо барои тадқиқоти ҷараёнҳое, ки таркиши ситораҳои навро ба вуҷуд меоранд, ҷиддӣ мебошанд ва дар муаммои пайдоиши ситораҳо саҳм мегузоранд.

«Тадқиқоти ситораҳо барои самти астрономия хеле муҳим буда,  омӯзиши онҳо барои таҳқиқи пайдоиши олам ва дарки коинот дар дунёи пажӯҳиши олимони астрономҳои ҷаҳон мавқеи муҳим ба ҳисоб меравад.  Аз ин лиҳоз, олимони Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон бо доштани Расадхонаи «Санглох» чун сарчашмаи бебаҳои Тоҷикистон омӯзиши таркиши ситораҳои навро ба роҳ мондаанд»,-илова намуд директори Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова.

Расми 1. Таркиши ситораи нав дар бурҷи Қу аз рӯи мушоҳидаҳои Расадхонаи «Санглох» дар соли 2019.

Расми 2. Таркиши ситораи нави MASTER (ситораи равшан дар маркази акс) аз рӯи мушоҳидаҳои Расадхонаи «Санглох» 2019 .

 

Ноябрь 19, 2019 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад