Олимони тоҷик дар расадхонаи «Санглох» тадқиқоти таркиши ситораҳои навро ба роҳ монданд
ДУШАНБЕ, 19.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Олимони Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон мушоҳидаҳои гуногунранги таркиши ситораҳои навро дар Расадхонаи астрономии байналмилалии «Санглох» иҷро карда истодаанд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори ин муассисаи илмии ҷумҳурӣ Гулчеҳра Қоҳирова хабар дод.
«Тӯли шаш моҳ аст, ки омӯзиши таркиши ситораҳои нав дар Расадхонаи «Санглох» ба роҳ монда шудааст. Мавқеи беназири иқлими астрономии расадхона ҳамкасбони хориҷии моро боз ҳам дар ҳайрат гузоштанд. Фаъолияти олимони тоҷик аз ҷониби ҳамкасбони хориҷӣ қадр гардида, онҳоро дар барномаи байналмилалии VSNET (Variable Star Network-Шабакаи тағйирёбии ситораҳо) ворид карданд, ки ташаббускори онҳо Расадхонаи астрономии миллии «Япония» ба ҳисоб меравад», — гуфт доктори илмҳои математика ва физика Гулчеҳра Қоҳирова.
Ба нақли олими тоҷик, аз рӯи мушоҳидаҳои гуногунранги таркиши ситораи нав дар бурҷи Қу (расми.1) ноустуворӣ дар қурси фишурдаи ситораи навтарин ошкор гардид, ки дар натиҷа ситораҳои паканаро ба вуҷуд меорад. Дар вақти мушоҳида ва таҳқиқи таркиши ситораи MASTER (расми.2) тағйирёбии лаппиши дурахшонии ӯ бо даври 1.5 соат ба қайд гирифта шуд.
Таъкид гардид, ки мушоҳидаи ситораҳо дар расадхонаи «Санглох» дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон якумин бор ба роҳ монда шудааст. Ин натиҷа барои таҳлили таҳаввули ситораҳои мазкур хеле муҳим аст. Чунин мушоҳидаҳо барои тадқиқоти ҷараёнҳое, ки таркиши ситораҳои навро ба вуҷуд меоранд, ҷиддӣ мебошанд ва дар муаммои пайдоиши ситораҳо саҳм мегузоранд.
«Тадқиқоти ситораҳо барои самти астрономия хеле муҳим буда, омӯзиши онҳо барои таҳқиқи пайдоиши олам ва дарки коинот дар дунёи пажӯҳиши олимони астрономҳои ҷаҳон мавқеи муҳим ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, олимони Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон бо доштани Расадхонаи «Санглох» чун сарчашмаи бебаҳои Тоҷикистон омӯзиши таркиши ситораҳои навро ба роҳ мондаанд»,-илова намуд директори Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова.

Расми 2. Таркиши ситораи нави MASTER (ситораи равшан дар маркази акс) аз рӯи мушоҳидаҳои Расадхонаи «Санглох» 2019 .









Дар Рашт ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ ҳангоми оббозӣ бо хонандагон ва сокинон вохӯриҳо гузаронида шуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЧОЙ. Чаро дар садсолаи охир талабот ба он боз ҳам зиёдтар гардид?
ОГОҲӢ! Аз 21 то 25 май дар Тоҷикистон хатари сар задани сел ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо пешгӯӣ карда мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистону Корея дар соҳаҳои гуногун баррасӣ гардид
МАВСИМИ ОББОЗӢ ФАРО МЕРАСАД. Қоидаҳои шиновариро риоя кунед!
Гиромидошти хотираи неки фарзандони фидокор ва сарсупурдаи миллат ҷузъи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон аст
«МАН ЧӢ ГӮЯМ ВАСФИ ИН ОЛИҶАНОБ…». Андешае дар ҳошияи ташаббуси наҷиби Пешвои миллат оид ба эҳёи хотираи таърихӣ ва бозгашти хоки рамзии фарзандони бузурги тоҷик ба оғӯши Ватан
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Форуми байналмилалии «Занон ва об» баргузор мешавад
Дар шаҳри Кӯлоб маросими супоридани хок аз қабри Николай Томин ба ҳайати Федератсияи Русия баргузор гардид
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар шакли китоби алоҳида муназзам гардонида шуданд
Аз зиндагӣ ва корномаи фарзандони номдори миллат — Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад






