Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ба Арманистон меравад
ДУШАНБЕ, 02.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Даъвати Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Арарат Мирзоянро пазируфта, барои анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ аз 3 то 6 ноябр ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба Ҷумҳурии Арманистон сафар менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни сафари расмӣ дар назар аст, ки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Арарат Мирзоян ва дигар шахсони расмӣ мулоқот анҷом дода, дар кори ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ иштирок намояд.








Мавсума Муинӣ дар мулоқоти намояндагони парлумонҳои давлатҳои арабӣ ва осиёӣ бо Раиси Парлумони Шри-Ланка иштирок намуд
Нишасти солонаи байниминтақавии парлумонҳои кишварҳои арабӣ ва осиёӣ баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон ҳамкорӣ бо Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Таҳти раёсати Раиси Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамӣ Рустами Эмомалӣ ҷаласа баргузор гардид
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаҳои нав ба тасвиб расиданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Палатаи вакилони Парламенти Люксембург мулоқот намуд
Файзалӣ Идизода дар Шуро ва ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Брюссел ҷаласаи XIII Кумитаи ҳамкории парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир шуд
Файзалӣ Идизода дар мулоқоти Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои ИДМ иштирок намуд






