Ғалабаи паиҳами футболбоздухтарони Тоҷикистон дар Чемпионати CAFA-2019
ДУШАНБЕ, 27.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби олимпии занонаи Тоҷикистон (U-23) дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар Душанбе ва Ҳисор баргузор шуд, ғалабаи дуввум ба даст овард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар даври навбатӣ футболбозони тоҷик бо дастаи миллии Туркманистон вохӯрд. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе баргузор шуда, бо пирӯзии дастаи мо бо ҳисоби 2:0 хотима ёфт. Голҳоро дар нимаи аввали бозӣ Некубахт Худододова ва Рафина Нормуродова заданд.
Дастаҳои Ӯзбекистон ва Эрон дар рӯзи чоруми бозии асосии Чемпионати CAFA-2019 вохӯрданд. Дар ин рақобати шадид футболбозони Ӯзбекистон бо ҳисоби 3:0 пирӯзӣ ба даст оварданд.
Дар бозии навбатӣ дастаи Қирғизистон се голи беҷавоб ба дарвозаи дастаи Афғонистон ворид кард.
Ҳамин тариқ, пеш аз як давр то анҷоми бозии Чемпионати CAFA-2019 ғолиби мусобиқа муайян карда шуд. Пирӯзии мутлақ насиби дастаи занонаи Ӯзбекистон шуд, ки 12 хол аз 12 холи имконпазирро соҳиб шуд. Дар ҷои дуюм дастаи миллии Эрон (бо 9 имтиёз) ҷойгир аст. Дар ин ҳайати сегонаи пешсаф дастаи миллии Тоҷикистон, ки 7 хол дорад, дар ҷои сеюм қарор дорад.
Бозиҳои даври ниҳоӣ панҷшанбе, 28 ноябр баргузор мешаванд. Дар ин рӯз бозиҳои Тоҷикистон-Ӯзбекистон, Қирғизистон- Туркманистон ва Эрон — Афғонистон сурат мегиранд.
Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои олимпии занони то 23-сола бо гардиши як давр баргузор мешавад.
Чемпионати дастаи олимпии занонаи CAFA 2019 (U-23)
Даври 4-ум
Туркманистон — ТОҶИКИСТОН 0: 2
Голҳо: Некубахт Худододова, 25 (0: 1). Рафина Нормуратова, 45 + 2 (0: 2).
Сардовар: Кристина Борисова (Ӯзбекистон).
Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев (Тоҷикистон).
Комиссари бозӣ: Ҷовидон Ҳасанов (Тоҷикистон).
26 ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 130 тамошобин.
Ӯзбекистон — Эрон 3-0
Голҳо: Нилуфар Қудратова, 14 (1: 0). Умеда Зоирова, 65 (2: 0). Дилдора Нозимова, 82 (3: 0).
Огоҳӣ: Шаҳризода Зайнитдинова (Ӯзбекистон), Заҳро Масумӣ (Эрон).
Сардовар: Малика Қодирова (Ӯзбекистон).
Нозири довар: Аллаберген Сапаев (Туркманистон).
Комиссари бозӣ: Александр Давиденко (Ӯзбекистон).
26 ноябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 54 тамошобин.
Афғонистон — Қирғизистон 0: 3
Голҳо: Айҷон Боронбекова, 20 (0: 1). Адинай Дуйшобаева, 30 (0: 2). Адинай Дуйшобаева, 39 (0: 3).
Огоҳӣ: Самира Моманд, Фотима Ҳайдарӣ (Афғонистон), Айпери Саскеева (Қирғизистон).
Сардовар: Салма Разавӣ (Эрон).
Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев (Тоҷикистон).
Комиссари бозӣ: Ҷовидон Ҳасанов (Тоҷикистон).
26 ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 130 тамошобин.
28 ноябр (панҷшанбе)
14:00 ТОҶИКИСТОН – Ӯзбекистон
Варзишгоҳи марказӣ дар Ҳисор.
14:00 Қирғизистон – Туркманистон
Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар Душанбе.
17:00 Эрон – Афғонистон
Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар Душанбе.








Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид






