Саводи расонаӣ: шахс дар муҳити иттилоот бояд чӣ гуна бошад?
ДУШАНБЕ, 21.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Асри 21 ҳамчун асри иттилоот имрӯз барои ҷомеаи ҷаҳон имкониятҳои зиёди дастрасӣ доштан ба иттилоъро додааст. Агарчӣ дар асри гузашта аҳли ҷомеа танҳо тавассути радио, телевизион ва рӯзномаву маҷҷаллаҳо аз хабару воқеаҳои ҷаҳон бархурдор мешуд, пас ҳоло ҳар фарди ҷомеа имкон дорад бо истифода аз шабакаи ҷаҳонии Интернет дар муддати кӯтоҳ бо рӯйдодҳои муҳими ҷомеа ҳам дар шакли матн ва ҳам видеову акс шинос шавад.
Ин дар ҳоле мебошад, ки бештари нафарони ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ шомилгардида маҳз тавассути сомонаҳои махсуси интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин гурӯҳҳо пайваст шудаанд. Ҳамин аст, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти як зумра сомонаҳои марбут ба ташкилотҳои террористию эстремистӣ масдуд карда шуд. Аз ин бармеояд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва зиёд шудани имкониятҳои дастрасӣ ба иттилооти гуногун зарурати интихоб ва дарки ҳадафҳои иттилои дастрасгардида аз ҷониби истифодабарандагони он ба миён омадааст.
Вобаста ба муҳимияти доштани саводи расонаӣ зарурати ташаккули тафаккури ҷомеа дар таҳлил ва баррасии иттилои бадастомада ва хулосабардории дақиқ аз онро 22 ноябр дар барномаи таҳлилии «Бозтоб» аз Радиои «Ховар» соати 15:30 (асл) ва 20:30 (такроран) рӯйи мавҷи 101,5 FM дар таҳияи муҳаррир ва масъули барнома Манижа Баҳромзода бишнавед.