ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, шанбе, 321-умин рӯзи соли 2018 аст

Ноябрь 17, 2019 08:00

17 ноябри соли 2009 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи манъ намудани фурӯши лампаҳои барқии тафсон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.

***

6 сол пеш,  17 ноябри соли 2012 дар сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи ҷаҳонии интернет боз як навоварии муҳим ворид гардид. Акнун маводи заруриро аз ин сомона метавон тавассути харитаи интерактивии Тоҷикистон пайдо намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2004 дар шаҳри Душанбе амфитеар ба истифода дода шуд.

 17 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии донишҷӯён.

***

Дар Озарбойҷон — Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Арманистон – Рӯзи духтурони ҳарбӣ.

***

Дар Чехия – Рӯзи мубориза барои озодӣ ва демократия.

 РӮЙДОДҲО:

17 ноябри соли 2014 таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи чордаҳуми шӯрои мазкур баргузор гардид.

 ***

17 ноябри соли 2017 дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд Маҷмааи миллии «Маркази Оши палов» дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шуд.

***

17 ноябри соли 1869 маросими ботантанаи кушодашавии канали дар ҷаҳон машҳури Суетс доир шуд.

***

124 сол муқаддам, 17 ноябри соли 1893 дар натиҷаи заминҷунбӣ  шаҳри Кучани Туркманистон пурра хароб гардида, зиёда аз 18 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1964 Британияи Кабир  дар бораи манъи содироти яроқ ба Африқои Ҷанубӣ изҳор кард.

***

17 ноябри соли 1971 дар Ирландияи Шимолӣ табаддулоти ҳарбӣ доир гардид.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1966 Комиссияи СММ оид ба тиҷорати байналмилалӣ (ЮНСИТРАЛ) таъсис дода шуд.

***

Соли 1988 Беназир Буҳутто сарвазири Покистон таъйин гардид. Вай аавалин зане буд, ки раиси ҳукумати кишвари мусулмониро ба уҳда гирифт.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Ноябрь 17, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш