Тифлаки дусола, ки дар ҳуҷраи оббозӣ маҳкам гардида буд, наҷот дода шуд
ДУШАНБЕ, 12.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Наҷотдиҳандагони дастаи зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тифлаки дусоларо, ки дар ҳуҷраи оббозӣ маҳкам шуда буд, наҷот доданд.
Тавре сардори маркази матбуоти Кумитаи мазкур Умеда Юсуфӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод, шаби 10 ноябр ба қисми навбатдории КҲФ як ҷавонзани сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе занг зада, бо изтиробу нигаронӣ хабар дод, ки бо сабабҳои барояш номаълум дари ҳуҷраи оббозии хонааш баста шудаасту дар дохили он духтарчаи дусолааш танҳо мондааст. Худи ӯ ҳарчанд талош кардааст, натавонистааст дарро кушояд. Наҷотдиҳандагони дастаи зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе баъди гирифтани ин хабар фавран ба суроғаи номбурда рафта, дарро бе ягон осеб кушода, кӯдакро ба модараш баргардониданд.
Дар ин шаб дар ошёнаи шашуми бинои бисёрқабата, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз беэҳтиётии сокинон дари даромадгоҳ баста шудааст. Онҳо мустақилона ҳарчанд кӯшиш кардаанд, натавонистаанд онро боз кунанд. Кормандони КҲФ баъди гирифтани ин хабар фавран ба ин маҳал расида, бо истифода аз таҷҳизоти махсус дарро кушода, имкони вуруди сокинонро таъмин намуданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва меҳмонони мамлакат муроҷиат менамояд, ки дар сурати рух додани ҳолатҳои фавқулода бо телефонҳои 112 ва ё 93 880 28 19 ба онҳо хабар расонанд. Кормандони Кумита фавран ба кумаки онҳо шитофта, мушкилашонро осон мегардонанд.








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






