Вазири фарҳанги Ӯзбекистон Бахтиёр Сайфуллоев ба Тоҷикистон меояд

Ноябрь 11, 2019 10:03

ДУШАНБЕ, 11.11.2019. /АМИТ «Ховар»/.  11 ноябр Вазири фарҳанги Ӯзбекистон Бахтиёр Сайфуллоев бо ҳайати 50-нафара барои иштирок дар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ташриф меорад. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, аз 11 то 15 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегарданд.

Ба ҳайати ҳунарии Рӯзҳои фарҳангӣ ҳунармандони халқии Ӯзбекистон Ғуломҷон Ёқубов ва Маҳмуд Намозов, чанд нафар ҳунарпешаҳои шоиста ва маъруфи Ӯзбекистон, ансамбли «Мақом» ва ансамбли рақсии «Тошкент зеболари» шомил мебошанд.

Дар назар аст, ки 12 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо Вазири фарҳанги Ӯзбекистон Бахтиёр Сайфуллоев ва ҳайати расмии Рӯзҳо баргузор гардад. Инчунин шоми он рӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон сурат мегирад.

Ҳамчунин 13 ноябр ҳайати ҳунарӣ ва расмии Рӯзҳои фарҳангӣ ба ноҳияи Данғара сафар карда, дар Қасри фарҳанги ин ноҳия  ба сокинон ва меҳмонон барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳод мекунад.

Меҳмонон  14 ноябр аз мавзеъҳои таърихӣ ва фарҳангии шаҳри Душанбе — Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Боғи Куруши Кабир ва боғи Ирам дидан менамоянд. Шоми он рӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати анҷоми Рӯзҳои фарҳангӣ барномаи консерти муштарак бо иштироки ҳунарпешагони тоҷику ӯзбек баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки 10 майи соли 2017 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардида буд. Зимни он муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Минҳоҷиддин Мирзоҷонов иброз намуда буд, ки «фарҳанг, адабиёт ва санъати мардумони тоҷику ӯзбек як аст. Новобаста аз он, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз соли 1992 оғоз ёфтаанд, решаҳои дӯстии ин миллатҳо  таърихи қадимӣ доранд. Барои тасдиқи гуфтаҳои боло кофист дӯстӣ ва ҳамкории ду фарзанди фарзонаи миллат- шоирони забардаст  Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоиро мисол оварем».

Ноябрь 11, 2019 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад