Вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 16.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр дар Тошканд ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин ҷаласа Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин роҳбарӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикисон хабар медиҳад.
Дар мулоқот масоили мавҷудаи рушди минтақа, самтҳои мухталифи ҳамкории минбаъда ва дигар масъалаҳои муҳими мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.
Роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ инчунин мавзӯъҳои мулоқоти машваратии дарпешистодаи сарони давлатҳои Осиёи Марказиро, ки охири моҳи ноябр дар Тошканд баргузор мешавад, баррасӣ карданд. Дар мулоқоти мазкур бо иштироки сарони давлатҳо масъалаҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, рушди зерсохтори нақлиёт, ҳамкории илмӣ, техникӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳамкории мутақобилан судманд баррасӣ хоҳанд шуд.
Акс аз ВКХ ҶТ








Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид






