«БРЕНДИ СОЛ-2019». «Спитамен Бонк» дар озмуни ҷумҳуриявӣ дар номинатсияи «Беҳтарин бонк» сазовори ҷоизаи тилло гардид
ДУШАНБЕ, 24.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол-2019», ки Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Маркази миллии патенту иттилооти Тоҷикистон гузарониданд, ҶСП «Спитамен Бонк» дар номинатсияи «Беҳтарин бонк» сазовори ҷоизаи баланд гардид. Маросими мукофотонидани ғолибони озмун 18 декабр дар толори консертии «Суруш Холл»-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, менависад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар маросим намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин намояндагони бахши хусусӣ ширкат варзиданд. Маросимро бо сухани ифтитоҳӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода оғоз бахшида, зикр намуд, ки пешбурди бренд ба корхонаҳо ва созмонҳо имкон медиҳад, ки рақобатпазирии маҳсулоти худро рушд дода, ба ин васила ба рушди иқтисодӣ ва пешрафти мамлакат мусоидат кунанд.
Озмун 25 сентябри соли 2019 оғоз ёфта буд. Соли ҷорӣ дар номинатсияҳои гуногун 92 бренд, аз ҷумла «Спитамен Бонк» барои ширкат дар озмун дархост пешниҳод намуда буданд.
Бино ба гуфтаи созмондиҳандагони ин маросим, ҳадафҳои озмун муайян кардани бренди муваффақ, ташвиқ ва ҳавасманд кардани ширкатҳо барои истифода ва пешбурди бренди худ мебошанд.
Таърихи муваффақият
Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи «Спитамен Бонк» фаъолияташро соли 2008 ҳамчун ташкилоти қарзии хурди «Спитамен Капитал» шурӯъ кардааст. Дар муддати кӯтоҳ ба унвони шарики боэътимоди молиявӣ ноил гашта, бо шарофати кори босамари мутахассисон ва рушди устувор аллакай соли 2014 иҷозатномаи БМТ-ро барои фаъолияти бонкӣ мегирад.
Таҷрибаи бисёрсолаи кормандон, инкишофи пайваста, боварӣ ба тавонии худ ва ғамхорӣ нисбат ба мизоҷон Бонкро ба яке аз ташкилотҳои муваффақу боэътимод табдил дод.
Асрори комёбиҳои бонк равшан аст. Он дар бунёди равобити дарозмуҳлат, шарикона ва судманд бо мизоҷон мебошад.
Бонк бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ аз рӯзҳои аввал барои ҷорӣ кардани технологияҳои нави иттилоотӣ кӯшиш менамуд. Ҳамин тавр дар «Спитамен Бонк», аввали соли 2015, низоми автоматикии бонкии Oracle FlexCube ба роҳ монда шуд, ки он яке аз низомҳои боэътимодтарини дунё ба ҳисоб меравад. Ин низом имкон дод, ки вақти хизматрасониро кӯтоҳ карда, сифаташро хеле баланд бардоранд, маҳсулоти нав бароранд ё ба он дигаргунӣ ворид созанд ва муҳити ягонаи истеҳсолии бонкиро бо истифода аз меъмории модулии муносибу ивазшаванда, барои бонкдории корпоративӣ, фардӣ ва инвеститсионӣ таъмин созанд.
Имрӯз бонк 13 филиал ва маркази хизматрасонии бонкӣ дорад. Миқдори кормандон зиёда аз 300 нафар аст. Маҳсулоту хизматрасониҳои бонк мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ коркард шудаанд. Яке аз мақсадҳои асосии бонк — ин воридсозии технологияҳои нав ва маҳсулоти инноватсионӣ баҳри осонгардонии истифодаи хизматрасониҳои бонкӣ дар зиндагонии ҳаррӯза барои мизоҷон аст.
Моҳи марти соли 2018 «Спитамен Бонк» ба AmCham (Палатаи тиҷоратии Амрико) аъзо гардид, ки он фаъолияти иштирокчиёнро дар сарзамини кишвар дастгирӣ мекунад, ба ҷамъияти корӣ платформаҳо барои мубодилаи иттилоот, инчунин ба сармоягузорони потенсиалӣ маълумот дар бораи лоиҳаҳои соҳибкорӣ пешниҳод менамояд.
Барои баландсифатӣ ва кордонӣ моҳи майи соли 2013, кумитаи интихобкунандаи Business Initiative Directions ҶСП ТҚХ «Спитамен Капитал»-ро бо мукофоти байналмилаллии International Arch of Europe (Тоқи Аврупо) дар дараҷаи «Тилло» сарфароз кард.
Мавриди зикр аст, ки мукофоти боэътибори International Arch of Europe аз соли 1986 дода мешавад. Ин мукофот аз тарафи гурӯҳи «B.I.D.» (Business Initiative Directiones) – пешсафи соҳаи коммуникатсия, яке аз чор ташкилоти мустақили байналмиллалии бонуфуз, ки сифати кори ширкатҳои миллӣ, континенталӣ ва байналконтиненталиро муоина менамоянд, таъсис дода шудааст.
Моҳи декабри соли 2013 ҶСП ТҚХ «Спитамен Капитал» мукофоти миллии «Бренди соли 2013 – Қуллаи шараф»-ро дар гурӯҳбандии «Ташкилоти қарзии хурд» соҳиб шуд.
Моҳи декабри соли 2017 дар конкурси «Бренди соли 2017» ҶСП «Спитамен Бонк» дар номинатсияи «Фаъолияти бонкӣ» Ҷоизаи тиллоиро соҳиб гардид.