Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад

Март 22, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 22.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 15 май дар шаҳри Душанбе Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ин конфронсро барои ҳалли масъалаҳои амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори кишоварзӣ, мубориза бо тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои соҳаи кишоварзӣ баргузор менамояд.

Дар конфронс намояндагон аз 54 мамлакати аъзои Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар минтақаи Аврупо ва Осиё, инчунин созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, институтҳои молиявӣ ва шарикони рушд иштирок менамоянд.

Тавре қаблан иттилоъ додем, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 22, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд