Дар Ашқобод ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркманистон баррасӣ гардид

Декабрь 30, 2019 14:00

ДУШАНБЕ, 30.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 28 декабр дар Ашқобод мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо  Вазири тиҷорат ва равобити иқтисодии хориҷии Туркманистон Оразмират Гурбанназаров баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунии ҳамкории тиҷоративу иқтисодиро мусбат арзёбӣ намуда, тавсеаи муносибатҳои тиҷоратӣ, густариши ҳамкории сармоягузорӣ, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои фанноварӣ, нассоҷӣ ва кишоварзиро бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷараёни мулоқот инчунин дар бораи кушодани Маркази тиҷорати Тоҷикистон дар Ашқобод ва Хонаи тиҷорати Туркманистон дар Душанбе мубодилаи афкор сурат гирифт.

Акс аз ВКХ ҶТ 

Декабрь 30, 2019 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд