Дар бинои 11-ошёнаи истиқоматии хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омад

Декабрь 16, 2019 08:14

ДУШАНБЕ, 16.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 15  декабр, соати 15:43, дар бинои 11-ошёнаи истиқоматии хиёбони Рӯдакӣ, № 55/1-и ноҳияи Исмоили  Сомонии  шаҳри Душанбе  сӯхтор ба амал омад. Мутаассифона, то ба ҷойи ҳодиса расидани оташнишонон аз таъсири дуди ғализ иҷоранишини бинои мазкур Гугинева Натела Хурамовнаи 39-сола, миллаташ гурҷӣ, шаҳрванди вилояти Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба ҳалокат расидааст.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  бо қабули хабар  кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон фавран ба ҷойи ҳодиса бо 6 адад нақлиёти асосиву махсус сафарбар карда шуданд. Ҳангоми ба маҳалли ҳодиса расидани кормандони оташнишонӣ шахтаи барқии бинои истиқоматиро дар долонҳои бинои мазкур,  аз ошёнаи 8-ум то 11-ум оташ фаро гирифта,  дуди ғализи бошиддат паҳншавандаи он сокинони биноро ба таҳлуқа оварда буд.

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти саривақтӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва дуруст сафарбар шудани қувваю  воситаҳо имкон пайдо гардид, ки сӯхтор ба ҳуҷраҳои истиқоматӣ паҳн нагардида,  зуд  хомӯш карда шавад.

Тибқи иттилои манбаъ, зимни  азназаргузаронии ҷойи ҳодиса коршиносони соҳа муайян намуданд, ки сабаби сӯхтор сарбории зиёд дар ноқилҳои барқӣ ва  истифодаи аз меъёр зиёди неруи барқ аз тарафи сокинон будааст.

Декабрь 16, 2019 08:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид