Дар Душанбе Анҷумани VII Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон баргузор гардид

Декабрь 16, 2019 10:00

ДУШАНБЕ, 16.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. 15 декабр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Бобоев Анҷумани VII ҳизби мазкур доир гардида, дар он раёсати нави ҳизб интихоб карда шуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар Анҷуман масъалаҳои тасдиқи қарорҳои Шӯрои марказии ҲИИТ дар бораи ҳайати Шӯрои марказӣ, котиботи Ҳизб, сармуҳаррир ва ҳайати таҳририяи рӯзномаи «Иқтисод ва Ҳаёт», қабули Барномаи пешазинтиоботии ҲИИТ, инчунин пешниҳоди номзадҳо аз ҳавзаҳои якмандатӣ ва умумиҷумҳуриявӣ ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

Зикр гардид, ки имрӯз шумораи аъзои ҲИИТ зиёда аз 30 ҳазору 600 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 25 фоизаш занон мебошанд, ки бархе аз онҳо раис ва аъзои раёсати ташкилотҳои ибтидоӣ дар шаҳру ноҳияҳоянд.

Бояд гуфт, ки Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2005 таъсис ёфта, дар раванди фаъоилияти худ  дар  интихоботи парлумонӣ ва президентии Тоҷикистон ширкат варзидааст. Ҳоло ин ҳизб дар 64 шаҳру ноҳияи мамлакат ташкилотҳои ибтидоии худро дорад.

«3 нафар аъзои ҳизб вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум ва 12 нафар вакили маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд  интихоб гардиданд»,- гуфта шуд дар Анҷуман.

Иттилоъ дода шуд, ки бо ташаббуси ҳизб дар Шӯрои ҷамъиятии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои мубрами рӯз ба муҳокима гузошта шуданд. Инчунин намояндагони ин хизб дар Маҷлиси намояндагон ба қонунҳои нав ва дигар тағйиру иловаҳои ба қонунҳо воридгардида хулосаҳо пешниҳод намуда, дар муҳокимаҳои миёнавӣ ва ниҳоии онҳо ширкат варзидаанд.

Вакилони ҳизбӣ рӯйхати номзадҳои эҳтимолӣ ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, даъвати шашумро дар ҳайати 7 нафар тасдиқ намуданд.

Дар Анҷуман раиси Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон Олимҷон Бобоев бо хоҳиши худ истеъфо дода, бо овоздиҳии якдилонаи вакилони ҳизбӣ Рустам Қудратов раис, Машраб Файзуллоев муовини аввал, Ҳайдар Раҳматзода ва Сарвиноз Маҷидова муовини раиси ҲИИТ интихоб гардиданд.

 

Декабрь 16, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!