Дар Душанбе масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Куба ва Финляндия баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 19.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 18 декабр дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо сафирони Ҷумҳурии Куба ва Ҷумҳурии Финляндия дар Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Куба (бо қароргоҳ дар Нур-Султон) Эмилио Певида Пупо вазъи кунунии раванди ҳамкории дуҷониба, рушди робитаҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва сайёҳӣ, инчунин ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Инчунин Музаффар Ҳусейнзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Финляндия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Ҳелсинки) Мария Лиивала вазъи кунунӣ ва дурнамои тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Финляндияро муҳокима намуда, оид ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд изҳори ҳавасмандӣ карданд.
АКСҲО: аз ВКХ ҶТ









Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд






