Дар Душанбе ғолибони Озмуни «Шириниҳои (десерти) миллӣ ва муосир» ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд
ДУШАНБЕ, 06.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни «Шириниҳои (десерти) миллӣ ва муосир» баргузор гардид. Ин озмун бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардида, дар он ғолибони даври аввали 4 ноҳияи пойтахт дар сатҳи маҳалла, шаҳрак ва ноҳия иштирок намуданд. Довталабони озмун беҳтарин шириниҳои миллӣ ва муосирро пешкаши иштирокдорон ва тамошобинон намуданд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар озмун анвои гуногуни шириниҳои миллӣ ва муосир, аз ҷумла кулчақандҳои рангоранг ба намоиш гузошта шуданд, ки яке аз дигаре болаззаттар менамуду иштиҳо меовард. Дар озмун пазандагони моҳир ба аъзои ҳакамон ва иштирокдорони озмун доир ба тарзи пухтан, мувофиқати маҳсулоти дар ширинӣ истифодашаванда, нигоҳдорӣ ва ороиши он маълумот дода, маслиҳат доданд, ки зимни пухтани кулчақандҳо ва дигар анвои ширинӣ истифодаи меваҳои тару тозаи сарзамини мо муфид аст.
Ҳамчунин дар озмун иттилоъ дода шуд, ки кадом навъи шириниро бояд дар кадом вақт — ҳангоми наҳорӣ, хӯроки нисфирӯзӣ ва шом, инчунин ҳангоми маъракаву ҷамъомадҳои хурсандӣ бояд пешниҳод намуд.
Масъулин зикр карданд, ки ҳадафи асосии баргузории озмуни мазкур аз эҳёи анъанаҳои миллӣ, оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини омодасозии шириниҳои халқи тоҷик, тарғиби эҳтиром ба ҳунари ширинипазӣ, намоиши пухтани навъҳои он дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, ҳавасмандкунии шаҳрвандон барои сарфакорона ва моҳирона пухтани навъҳои гуногуни ин анво, ба наслҳои оянда мерос гузоштани тарзу усули пухтанашон иборат мебошад.
Таъкид гардид, ки миллати тоҷик яке аз қадимтарин мардумони минтақаи Осиёи Марказӣ буда, дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ бо мероси бойи фарҳангии моддӣ ва ғайримоддӣ мақоми шоиста касб намудааст.
Бахусус дар бахши омодасозии шириниҳо бонувони чирадасти тоҷик маҳорати баланди кадбонугӣ дошта, хони идонаи ҷашнҳои миллии тоҷиконро бидуни шириниҳои гуногуни болаззати омоданамудаи онҳо тасаввур намудан ғайриимкон аст.
Таърихи омодасозии шириниҳои миллии мардуми тоҷик куҳан буда, он бо мурури замон ташаккул меёбад.
Анъанаи омодасозии шириниҳои миллӣ бо зарфиятҳои хоси худ, бахусус аз лиҳози усули омода намудан ва истифодаи навъҳои гуногуни маҳсулот дар ҷаҳон беназиранд.
Шириниҳои тоҷикон бо гуногунии худ, ки навъҳои мухталифи хамирӣ, ширӣ, мевагӣ ва ғайраро дар бар мегиранд, аз ҳамдигар тафовут доранд. Ин аст, ки фарҳанги омодасозии ғизоҳои миллӣ ҷузъе аз анъанаҳои фарҳанги меҳмоннавозии тоҷикон мебошад.
Санъати омодасозии шириниҳои миллӣ, бахусус ҳалво, кулчақанд, нишалло ва монанди инҳо дар байни сокинон шуҳрати хосса дошта, санъати тайёр намудани он дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ паҳн гардидааст.
Ҷойи аввали озмун ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, ҷойи дуюм ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва ҷойи сеюм ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур сазовор дониста шуд.
Дар фарҷоми озмун ғолибон бо диплому ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И.Сомонӣ барои иштироки фаъолона бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд.














Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ИМРӮЗ — РӮЗИ РӮДАКӢ. Ба ин муносибат конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир мешавад
Моҳи октябр Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
21 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Бо ташаббуси Тоҷикистон «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул гардид






