Дар Душанбе таҳти унвони «Баҳори Ширин Бунёд» маҳфили «Ҳамешабаҳор» баргузор гардид

Декабрь 22, 2019 18:03

ДУШАНБЕ, 22.12.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Бо ибтикори шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва ҳафтавори “Пайрав” дар мувофиқа бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 21 декабр бахшида ба ҳаёт, рӯзгор ва эҷодиёти шоири маъруф Ширин Бунёд таҳти унвони “Баҳори Ширин Бунёд” дар маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе маҳфили “Ҳамешабаҳор” баргузор гардид. Маҳфили мазкур бо дастгирии бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода Ҳамро баргузор гардид.

Дар маҳфил дӯстдорони каломи ноб, ҳаводорони шеъру адаб ва фарзандони шоир ҳузур доштанд.

Маҳфилоро шоири хушбаёни тоҷик Хайрандеш бурда, замзамаҳои дилрабо ва тараннумҳои ҳунарпешагон ба ҷараёни он таровати бештар бахшид.

Зимни баргузории маҳфил дӯстони Ширин Бунёд аз рӯзгору эҷодиёти ӯ  лаҳзаҳои хотирмон нақл намуданд.

Ширин Бунёд (Қурбонмаҳмадов Хушқадам Бунёдович) 14 декабри соли 1941 дар деҳаи Риҷисти ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст. Падараш ба Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ рафта, ӯ чун ятими ҷанг дар тарбияи модари колхозчияш ба воя мерасад. Бо вуҷуди душвориву нодориҳои сахти зиндагӣ, соли 1948 ба мактаб рафта, соли 1958 онро бо баҳои аъло хатм кардааст.

Соли 1968 донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) гардида, таҳсилро соли 1973 бо дипломи “сурх” ба поён мерасонад.

Баъди хатми донишгоҳ то соли 1976 муовини директори Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, баъдан мудири шуъбаи рӯзномаи «Бадахшони Советӣ», солҳои 1985-1992 раиси Кумитаи телевизион ва радиои вилоят кору фаъолият намудааст.

Солҳои 1992-2005 дар сохтори Ҳукумати вилоят кор карда, вазифаҳои мутахассиси пешбари комиҷроияи вилоят, котиби иттилоотии раиси вилоят, ҷонишини мудири шуъбаи иҷтимоӣ-фарҳангии дастгоҳи раиси ВМКБ-ро ба уҳда доштааст.

То ба нафақа баромадан сармуҳаррири моҳномаи «Фурӯғи маърифат»-и Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва муаллими калони он будааст. Дар ташкилу таҳкими ҳавзаи адабии Бадахшон заҳмати пурарзише ба харҷ дода, маҳфили «Адибони ҷавон»-и вилоятро таъсис додааст.

Соли 1994 дар заминаи ҳамин маҳфили адабӣ шуъбаи Бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъсис ва бо ташаббуси бевоситаи Ширин Бунёд рӯи кор омада буд.

Ширин Бунёд аз адибони шинохтаю варзидаи тоҷик аст, ки дар адабиёти муосир мақому мартабаи хоси худро дошта, бо ашъори дилнишинаш дар Тоҷикистон ва берун аз он шуҳрат ёфтааст.

Муаллифи китобҳои манзуму мансури хонданист, ки муҳимтарини онҳо «Бомдод» (1982), «Зартеғ» (1985), «Шоҳи тирандоз» (1991), «Гули андеша» (1995), «Шоҳроҳи Ваҳдат» (1999), «Поси хотир» (2000), «Шерозаи ваҳдат» (2003), «Об, Замин ва одамон» (2003), «Нома дар барги ҳавас» (2011) мебошанд ва симои ӯро чун шоири баркамол, мунодии сулҳу ваҳдат, фарзанди содиқу дилбастаи Ватану миллат нишон дода, хонандаро ба ҷаҳони муҳаббату садоқат, арҷгузорӣ ба дастовардҳои маънавии тамаддуни бузурги миллат ҳидоят менамоянд.

Ҳамчунин ду китоби Ширин Бунёд, ки яке “Номае дар барги ҳасрат” ном дошта, дигараш вопасин ашъори ӯ ва маҷмӯи мақолот ва хотироти шоирон ва рӯзноманигорони тоҷик дар бораи ӯро дар бар мегирад, дар чопхонаҳои “Ирфон” ва “Адиб” дар шаҳри Душанбе ба табъ расидаанд.

Ширин Бунёд дар баробари офаридани асарҳои баландғоя вазифаҳои зиёди ҷамъиятӣ, аз қабили узви садорат ва раиси бахши Бадахшонии Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ, раиси бахши вилоятии Бунёди сулҳи Тоҷикистон, узви Шӯрои марказии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, узви Комиссияи вилоятӣ оид ба танзими расму оинҳои мардумӣ ва амсоли онҳоро бар уҳда дошт.

Барои хизматҳои арзандааш дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва адабию фарҳангӣ сазовори унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон», ордени «Дӯстӣ», медали ҷашнии «10-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра гардидааст.

Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд аз соли 1983 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, 3 июли соли 2011 аз олам даргузашт.

Шоир дар яке аз шеърҳои худ мегӯяд:

Кистам ман?

Тоҷики меҳрошноям.

Хешро бисёр ҷустам аз нишебу аз фарозон,

Аз ғаму шодии ёрон, аз китоби бахти одам,

Аз баҳору аз хазонҳо, аз талошу кашмакашҳо.

Аз сари гардони гардун, гардиши айёму одам.

Кистам ман?

Тоҷики меҳрошноям.

Оқибат пайдо намудам хешро аз дӯстиҳо,

Аз каломе, аз саломе, аз китобе, аз хитобе,

Аз камоле, аз заволе, аз хатое, аз савобе,

Аз тулӯи субҳи иқболу ҷилои офтобе.

Дар маҳфили адабии мазкур муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа ва собиқ раиси ВМКБ Шодавлат Шодавлатов ҳузур доштанд, ки чанд хотироти хешро бо шоир қисса карданд.

Ато Мирхоҷа иброз дошт, ки “дар муддати қариб сӣ соли фаъолияти адабии Ширин Бунёд  дар мактаби адабии ӯ бештар аз сӣ шоиру нависанда тарбия ва камол ёфтанд, ки Наҷмиддини Шоҳинбод, Раънои Мубориз, Сардор Раҳдор, Лаълҷуба Мирзоҳасан, Мавҷигули Зардодхон, Бастур, Алидоди Чароғабдол, Хушомади Алидод аз зумраи онҳоянд. Номи неки Ширин дар овони барҳаёт буданаш сазовори ситоиши мардум гашта буд. Дар борааш шеър менавиштанд, асарҳои публитсистӣ эҷод мекарданд, ҳар шоир ва нависандае, ки ба Бадахшон сафар мекард, хислатҳои неку меҳмоннавозии ӯро дар ёддоштҳои худ сабт менамуд. Сабаби ин ҳама дӯстдориҳо он буд, ки Ширин Бунёд худро фарзанди тамоми Тоҷикистон медонист, бо шодиву ғами тамоми тоҷикистониён шарик буд, барояш маҳалу минтақа вуҷуд надошт. Хислати дигари вижааш он буд, ки аз Дарвоз сар карда, то Мурғоб, ба ҳар ҷое, ки мерафт, дар ҷустуҷӯи ҷавонони боистеъдод буд ва ҳатман онҳоро пайдо намуда, кумак мерасонид ва барои ба арсаи адабиёт ворид гаштанашон пайгирона кӯшиш ба харҷ медод. Шеъри Ширин бархоста аз дили мардум, аз ҳаёти воқеии онҳост. Аз ин рӯ, ашъораш зуд болу пар мебароварданд ва бисёрашон ба суруд табдил меёфтанд.  Ширин Бунёд барои мо маҳбуб ва шеъраш нотакрору хонданист”.

Ба қавли Ширин Бунёд:

Баъди ман ҳамрози ту гулбод бод,

Хотири шодат зи ғам озод бод…

Бо ту баъди дилшикаста рафтанам,

Ҳар кӣ бошад ҳамнафас, дилшод бод…

Баъди мову ту зи ишқе нотамом,

Ёд бодо, ёд бодо, ёд бод!

Фарзандони шоир- номзади илмҳои филологӣ, дотсент Сомони Бунёд ва Аълочии матбуоти Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Шарифаи Бунёд ба баргузоркунандагони маҳфил ва  ҳозирин изҳори  сипос намуданд.

Созу навои сарояндагон Исмоил, Давлат ва Соҳиб Назриевҳо ба фазои маҳфил шукӯҳи бештар бахшид.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 22, 2019 18:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧАКАН-МЕРОСИ ШИГАРФИ ФАРҲАНГ». Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи осорхонашиносӣ баргузор гардид
«СЕТОР». Ин гулчини ғазалиёт ғолиби номинатсияи «Китоби назм» дар соли 2024 гардид
Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос гардид
Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад