Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …» ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 12.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 12 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …» идома ёфт. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдураҳими Абдуқаҳҳор аз рафти озмуни мазкур гузориш медиҳад.
Дар рӯзи нахустини озмун дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик» 50% иштирокчиён ҳунару истеъдоди худро ба ҳакамон нишон доданд.
Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон» то кунун 40% иштирокдорон ҳунару истеъдоди худро ба ҳакамон пешкаш карданд.
Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори классикӣ» дар рӯзи аввал иштирокдорон 30 % маҳорати худро ба маърази баҳои ҳакамон гузоштанд.
Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик» қобилияти 40%-и иштирокдорон шунида шуд.
Ба андешаи масъулон, он меъёрҳое, ки дар низомнома дарҷ шудаанд, аз ҷониби на ҳама иштирокчиён иҷро мешаванд.
Зимни суҳбат яке аз иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …», хонандаи синфи 9-уми ИТМУ №30 –и шаҳри Кӯлоб Робия Қодирова, ки дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон» иштирок намуд, андешаҳояшро чунин иброз намуд: «Ман 212 асар мутолиа намуда будам. Доварон тибқи пешниҳоди рӯйхати асарҳои хондаам ба ман савол доданд, вале ман ба баъзе аз саволҳо ҷавоб дода натавонистам. Аъзои ҳакамон хеле хуб савол медиҳанд. Ман аз иштирок дар ин озмун хеле хурсандам».
Узви ҳайати ҳакамон аз номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон» доктори илмҳои филологӣ Муҳриддин Низомов иброз дошт, ки «ҳадафи асосии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …» баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъол гардонидани доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони мамлакат мебошад».
Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …» аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 40 нафар иширокчӣ дар чор номинатсия зери роҳбарии Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Аловуддин Абдуллоев иштирок доранд.
Аловуддин Абдуллоев зимни суҳбат иброз намуд, ки «ман имрӯз аз ҷавонон, насли наврас ва умуман аз ҳамаи мардуми тоҷик ифтихор мекунам. Агар касе дар ин ҷо ҳузур дошта бошад, воқиф мешавад, ки мардуми тоҷик то чӣ андоза китобдӯсту китобхон мебошанд».








Моҳи май даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Моҳи апрел даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд






