ДУРАХШИ ОЛИМОНИ ТОҶИК ДАР КИШВАРИ ТУЛӮИ ОФТОБ. Донишмандони ҷавони мо дар конфронси байналмилалӣ дар Токио ширкат ва суханронӣ намуданд
ТОКИО, 03.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 1 декабр дар шаҳри Токио бо ташаббуси Маркази таҳқиқотӣ оид ба стратегияҳои нави тиҷории Донишгоҳи Тохоку Коеки Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба илмҳои иҷтимоӣ ва тиҷорат баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз пойтахти Япония.
Дар конфронс зиёда аз 100 нафар донишмандони барҷаста, инчунин муҳаққиқону мутахассисони ҷавон аз кишварҳои гуногун ширкат намуданд.
Бо дастгирӣ ва кӯмаки яке аз ташаббускорони баргузории ин конфронс — донишманди тоҷик, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгохи Тохоку Коеки Мирзосаид Султонов олимони ҷавони Тоҷикистон аз донишгоҳҳои гуногуни Япония дар бахшҳои гуногуни конфронс фаъолона ширкат варзида, роҷеъ ба натиҷаҳои таҳқиқоти илмии худ бо иштирокчиёни конфронс мубоҳисаҳои муфиди илмӣ баргузор намуданд. Аз ҷумла Камолиддин Бозиев, Шералӣ Ғуломалиев Нилуфар Қамбарова аз Донишгохи Тсукуба ва Бахтовар Неьматов аз Донишгохи Йокохама оид ба масоили гуногуни иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва иҷтимоии Япония, Тоҷикистон ва ҷаҳон суханронӣ карда, бо донишу фаҳмиши худ ҳозиринро ба ваҷд оварданд.
Онҳо ҳамчунин бо донишмандони барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ дар бораи паҳлӯҳои гуногуни тадқиқотҳои илмии худ гуфтугӯ намуда, барои идомаи муваффақонаи корҳоли илмияшон маслиҳатҳои муфид гирифтанд.
Дар ҳошияи конфронс олимони ҷавон бо профессор Мирзосаид Султонов мулоқот намуда, оид ба фаъолияти илмии худ дар Япония суҳбат намуданд.
Хотиррасон мешавем, ки Мирзосаид Султонов, шаҳрванди 40-солаи Тоҷикистон аз устодони собиқадори тоҷик дар донишгоҳҳои Кишвари тулӯи офтоб мебошад. Ӯ соли 2013 унвони доктории худро дар бахши иқтисод аз Донишгоҳи Кобеи ин мамлакат ба даст оварда, то соли 2015 дар ҳамин донигшоҳ аз фанни иқтисод дарс медод.
Пажӯҳиши вай дар бораи таъсири пули муҳоҷирон барои иқтисодиёти Тоҷикистон таҳти назари донишмандони ҷопонӣ ва бо истифода аз услуб ва равишҳои пешрафтаи омориву иқтисодӣ сурат гирифта, холигоҳеро, ки дар ин замина дар илми иқтисод вуҷуд дошт, пур кардааст.
Моҳи апрели соли 2015 ба унвони донишёр( Associated Professor) дар Донишгоҳи Коеки дар шаҳри Саката пазируфта шуд ва моҳи апрели соли 2018 сазовори унвони профессори ин донишгоҳ шуда, ба мақоми мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ таъйин гардид. Мирзосаид Султонов нахустин донишманди тоҷик аст, ки дар як мактаби олии Ҷопон ба чунин мақоми баланд расидааст.
ДАР АКС: донишманди тоҷик, профессори Донишгохи Тохоку Коекии Япония Мирзосаид Султонов (аз чап) бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар донишгоҳҳои Япония таҳсил мекунанд.








Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд
Чойхонаи тоҷикии «Шоми Ваҳдат» фарҳанги миллати тоҷикро дар шаҳри Краснодар муаррифӣ менамояд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Маркази машваратӣ-равоншиносӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ таъсис дода шудаанд
Лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
3 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» барои дастгирии лоиҳаҳои филмсозони ҷавон ягон монеа вуҷуд надорад






