Филми «Дӯғоб» дар Кинофестивали «Қирғизистон-мамлакати филмҳои кӯтоҳ» сазовори диплом гардид
ДУШАНБЕ, 16.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 15 декабр филми кӯтоҳи «Дӯғоб»-и коргардон Зайнулобиддин Мӯсо дар Кинофестивали ҷаҳонии «Қирғизистон-мамлакати филмҳои кӯтоҳ» сазовори Диплом гардид. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки дар фестивали мазкур миёни 14 асар Тоҷикистонро филми «Дӯғоб» намояндагӣ намуд.
Бояд гуфт, «Дӯғоб» филми 35-дақиқагӣ буда, муҳтавои он дар бораи зани танҳое қисса мекунад, ки дар як деҳаи дурдаст маҳз бо ҳунармандӣ зиндагии худ ва писари хурдсолашро таъмин менамояд. Ашхоси тамаъҷӯ мехоҳанд зани ҷавонро ба доми худ биёваранд. Аммо бинанда зимни тамошои филм шоҳиди росткорӣ, ишқи пок доштану барои он мубориза бурдани ин зан мегардад.
Коргардони филм Зайнулобиддини Мӯсо, наворбардор Мумин Латифӣ буда, Ансорӣ Асадуллозода, Райҳона Раҳимова, Ҳусейни Камолиддин ва Асад Камолов дар он нақш офаридаанд.
Ҳамасола аз 12 то 15 декабр Кинофестивали «Қирғизистон- мамлакати филмҳои кӯтоҳ» кинематографистони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Балтика ва Гурҷистонро дар шаҳри Бишкек- пойтахти Қирғизистон ба ҳам меорад. Фестивали мазкур ҳар сол ба поси хотири нависандаи маъруфи қирғиз Чингиз Айтматов бахшида мешавад.
Ин сеюмин фестивал мебошад, ки филми кӯтоҳи «Дӯғоб»-и коргардони тоҷик Зайнулобиддин Мӯсо баъди кинофестивалҳои «Само» ва «Лолаи тиллоӣ» дар он иштирок карда, соҳиби диплом гардид.









Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад






