«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФИ ҶАВОНМАРДИСТ”. Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин мақолаи публисистӣ эълон гардид
ДУШАНБЕ, 19.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Хизмат ба Ватан шарафи ҷавонмардист» Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин мақолаи публисистӣ эълон менамояд. Дар озмуни мазкур донишҷӯён, ҷавонони касбу кори гуногун, рӯзноманигорон, олимону муҳаққиқони ҷавон метавонанд иштирок намоянд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, озмуни ҷумҳуриявӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018- 2022» роҳандозӣ шуда, мақсад аз он дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намудани насли наврас ва бедор намудани ҳисси миллӣ дар замири ҷавонон мебошад.
Хоҳишмандон метавонанд то 10 феврали соли 2020 мақолаҳои худро ба унвони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи хаттӣ ва электронӣ (tjavononi@gmail. com) равон намоянд.
Муаллифони беҳтарин мақолаҳои публисистӣ дар арафаи Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






