ИМА барои Осиёи Марказӣ стратегияи нав қабул мекунад

Декабрь 17, 2019 13:11

ДУШАНБЕ, 17.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Маъмурияти президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Трамп ояндаи наздик стратегияи нави ИМА-ро барои Осиёи Марказӣ қабул хоҳад кард. Дар ин бора 13 декабр зимни нишасти хабарӣ, ки пас аз сафари Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мухтар Тлеуберди ба Вашингтон дар Департаменти давлатии ИМА сурат гирифт, изҳор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Осиёи Марказӣ чорроҳаи муҳими тамаддуни башарӣ буд ва боқӣ мемонад. Гарчанде ин минтақа хеле дур асту барои аксарияти америкоиҳо ношинос, вале он тӯли садсолаҳо дар маркази хатсайрҳои транзитии ҷаҳонӣ қарор дорад», — гуфт намояндаи Департаменти давлатии ИМА.

Ба гуфтаи ӯ, 28 сол пеш аз лаҳзаи ба даст овардани истиқлолият аз ҷониби панҷ давлати Осиёи Марказӣ ИМА ҷонибдори соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии онҳо боқӣ мемонад.

«Худи мо ба субот, шукуфоӣ ва амнияти ин давлатҳо манфиатдорем. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки чандирии минтақа ва қобилияти онро дар мубориза бо таҳдидҳои фаромиллӣ баланд бардорем, — гуфт намояндаи Департаменти давлатӣ ва зикр кард, ки ИМА тадбирҳои беҳтаргардонии шароитро барои сармоягузории маҳаллӣ ва америкоӣ дар минтақа ҷонибдорӣ менамояд.

«ИМА ва шариконамон дар Осиёи Марказӣ ҳадафи умумӣ доранд ва он ҳам истиқрори сулҳ ва амният дар Афғонистон мебошад. Таъмини субот дар Афғонистон ва ҳамгироии он ба минтақаи густурдатар барои тавсеаи робитаҳо ва имконоти иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ шароит фароҳам меорад», — гуфт мансабдори америкоӣ.

Соли 2015 ИМА бо мақсади таҳкими робитаҳо бо Осиёи Марказӣ майдони нави ҳамкорӣ таъсис дод. Ин форуми дипломатӣ мебошад, ки C5+1 ном дорад ва барои музокироти тадбирҳои муштарак оид ба масоили мавриди таваҷҷуҳи умум тарҳрезӣ шудааст. Солҳои охир дар чаҳорчӯби он як қатор лоиҳаҳои муштараки назаррас оғоз гардидаанд.

«Фаъолияти минтақавӣ ва дуҷониба ҳадафҳо ва масоили муҳимеро, ки дар стратегияи нави маъмурияти Трамп оид ба Осиёи Марказӣ муайян шудаанд, инъикос мекунад, ки ояндаи наздик интишор хоҳанд шуд», — гуфт намояндаи Департаменти давлатӣ.

Ёдовар мешавем, ки 21 августи соли 2019 дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон Мулоқоти сатҳи баланди «C5+1» (давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА) оид ба масъалаҳои амниятӣ баргузор гардид. Дар он муовини Котиби давлатии ИМА оид ба масъалаҳои сиёсӣ Дэвид Ҳейл, Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Бейбут Атамқулов, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов, Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков ва Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов ширкат варзиданд.

Ҷонибҳо доир ба талошҳо ҷиҳати таҳкими шарикӣ ва дастгирии ислоҳоти иқтисодӣ, ҳалли масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва таҳкими сулҳу шукуфоӣ дар Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуданд.

Иштирокчиён пуштибонии худро аз майдони ҳамгироии «C5+1» ҳамчун форуми муҳим барои баррасии муштарак ва ҳалли мушкилоти умумӣ, инчунин таҳкими соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии давлатҳои Осиёи Марказӣ тасдиқ карданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин омодагӣ ба мулоқоти навбатии вазирони «C5+1»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, чорабиниҳои ҷориро дар доираи гурӯҳҳои кории «C5+1» оид ба амният, муносибатҳои иқтисодӣ ва муҳити зист таъкид карданд.

Моҳи ноябри соли равон ҳайати Туркманистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Рашид Мередов дар даври навбатии машваратҳои солонаи сиёсии Туркманистон ва Америка ширкат варзид. Зимни вохӯрӣ дар Вашингтон онҳо имконияти густариши ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ карданд.

Тавре «Kun.uz» бо истинод ба мансабдори америкоӣ хабар медиҳад, баҳори соли оянда Департаменти давлатӣ дар Вашингтон мулоқот бо намояндагони ҳайатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро барои машваратҳои солона ба нақша гирифтааст.

Таваҷҷуҳи Вашингтон ба Осиёи Марказӣ аз он зоҳир мегардад, ки ИМА тасмим дорад неруҳояшро аз Афғонистон, ки онҳоро 18 сол қабл ба он ҷо дароварда буд, барорад.

ДАР АКС: иштирокчиёни Мулоқоти сатҳи баланди «C5+1» (давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА) оид ба масъалаҳои амният. 21 августи соли 2019, Нур-Султон, Қазоқистон.

Декабрь 17, 2019 13:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд