ИНТИХОБОТ-2020: Барои баргузории интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон 69 ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда мешаванд

Декабрь 12, 2019 10:11

ДУШАНБЕ, 12.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Барои баргузории интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар моҳи марти соли 2020 69 ҳавзаи интихоботӣ ташкил мегарданд. Дар ин бора дар ҷараёни иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқ, даъвати панҷуми вилояти Хатлон, ки 11 декабр дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Зимни иҷлосия нақшаи кори вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои соли 2020 муҳокима  ва тасдиқ  гардид.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зикр намуд, ки Комиссияи вилоятии интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони халқи вилояти Хатлон аз 11 нафар иборат мебошад, ки ба он сардори Раёсати  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Хатлон Қурбоналӣ Қурбонзода роҳбарӣ мекунад.

Дар ҷараёни  ҷаласа  ҳамчунин  қарор «Дар бораи ташкили ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони халқи вилояти Хатлон» қабул карда шуд.

Зикр шуд, ки мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи вакилони даъвати нав ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  ба маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, вилоятҳо ва интихоботи вакилон ба ҷамоатҳои деҳот ва шаҳракҳо 1 марти соли 2020 ба нақша гирифта  шудааст.

Декабрь 12, 2019 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Фу Чонг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Департаменти давлатии Амрико аз осоиштагии интихоботи Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ кард
ВКХ Россия: интихобот дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шуд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон