ИНТИХОБОТ-2020. Дар шаҳри Конибодом дар мавзӯи «Занон ва интихобот» ҳамоиш гузаронида шуд

Декабрь 11, 2019 11:53

ДУШАНБЕ, 11.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. «Занон ва интихобот»-чунин ном дошт ҳамоише, ки бо мақсади баланд бардоштани рӯҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, саҳми бонувон дар раванди маъракаи интихобот ва сайқал додани маърифати ҳуқуқии ҳар як сокини мамлакат ҷиҳати иштирок дар маъракаҳои интихоботии дар пешистода дар толори  Литсейи касбии саноати кишоварзии шаҳри Конибодом доир гардид.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом хабар доданд, дар мулоқот коршиноси Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Қурбонов, намояндаи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Акмал Зоиров, сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Рауфзода, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, фаъолзанон аз шаҳру деҳот, ходимони дин ва ҷавонон иштирок намуданд.

Коршиноси Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ Қурбон Қурбонов доир ба маъракаи сиёсии дар пеш истода – интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва нақши занон дар гузаронидани интихобот сухан гуфта, доир ба интихобот ва рушди давлатдорӣ, қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ вобаста ба интихобот, иштироки фаъолона дар ин маъракаи сиёсӣ ва муайян намудани мавқеи худ, ташкили комиссияҳои ҳавзавӣ, участкаҳои интихоботӣ ва салоҳиятҳои онҳо, иштироки нозирон ва натиҷаи интихоботи қаблӣ изҳори назар намуд.

Акмал Зоиров оид ба масъалаи рушди маҳал, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шарҳи муфассалеро баён дошт.

Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Мавзуна Ҷӯраева дар мавзӯи «Занон ва интихобот: вазъи муосир ва дурнамои рушд» маърӯза намуд.

Ёдовар мешавем, ки 4 декабри соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ба имзо расид.

Тибқи фармони мазкур, интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот 1 марти соли 2020 доир мегардад.

Инчунин муқаррар гардидааст, ки интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 марти соли 2020 баргузор карда шавад.

Декабрь 11, 2019 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Фу Чонг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Департаменти давлатии Амрико аз осоиштагии интихоботи Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ кард
ВКХ Россия: интихобот дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шуд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон