Интихобот ифодакунандаи нақшу мавқеи ҳар шахс ва ҳизбу иттиҳодияи шаҳрвандист
РОҒУН, 16.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Роғун бо иштироки узви Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Моҳистон Азизова, корманди Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мустақим Наимзода ва корманди Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Азимов ва 350 нафар ҷавонону занон ва фаъолони ҷамъиятӣ мулоқот баргузор гардид.
Ҳадафи мулоқоти мазкур аз баланд бардоштани рӯҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолона ширкат варзидани шаҳрвандон дар маъракаҳои интихоботӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва эҳтироми арзишҳои миллӣ иборат буд.
Дар ҷамъомад зикр гардид, ки интихобот ифодакунандаи нақшу мавқеи ҳар шахс, ҳизбу иттиҳодияи шаҳрвандӣ маҳсуб меёбад ва он рӯҳияву афкори интихобкунандагон ва тамоюли рушди такомули сиёсии ҷомеаро муайян мекунад. Интихобот, қабл аз ҳама, бояд бо роҳи қонунӣ амалӣ гардад. Мувофиқи таҷрибаи ҷаҳонӣ, дар замони муосир халқ ба воситаи иштирок дар интихобот ва раъйпурсӣ марому ҳадафҳои худро амалӣ менамояд ва бо ин роҳ дар ҷараёни идоракунии давлат саҳм мегузорад. Ҳуқуқи шаҳрвандии интихобот дар санадҳои муҳими байналмилалӣ муқаррар гардидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ танҳо аз Конститутсия ва қонунгузории вобаста ба интихоботи мамлакат ва санадҳои байналмилалӣ истифода менамояд.