Интихобот ифодакунандаи нақшу мавқеи ҳар шахс ва ҳизбу иттиҳодияи шаҳрвандист

Декабрь 16, 2019 13:28

РОҒУН, 16.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Роғун бо иштироки узви Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Моҳистон Азизова, корманди Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мустақим Наимзода ва корманди Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ибодулло Азимов ва 350 нафар ҷавонону занон ва фаъолони ҷамъиятӣ мулоқот баргузор гардид. 

Ҳадафи мулоқоти мазкур аз баланд бардоштани рӯҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолона ширкат варзидани шаҳрвандон дар маъракаҳои интихоботӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва эҳтироми арзишҳои миллӣ иборат буд.

Дар ҷамъомад  зикр гардид, ки интихобот ифодакунандаи нақшу мавқеи ҳар шахс, ҳизбу иттиҳодияи шаҳрвандӣ маҳсуб меёбад ва он  рӯҳияву афкори интихобкунандагон ва тамоюли рушди такомули сиёсии ҷомеаро муайян мекунад. Интихобот, қабл аз ҳама, бояд бо роҳи қонунӣ амалӣ гардад. Мувофиқи таҷрибаи ҷаҳонӣ, дар замони муосир халқ ба воситаи иштирок дар интихобот ва раъй­пурсӣ марому ҳадафҳои худ­ро амалӣ менамояд ва бо ин роҳ дар ҷараёни идоракунии давлат саҳм мегузорад. Ҳуқуқи шаҳрвандии интихобот дар санадҳои муҳими байналмилалӣ муқаррар гардидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ танҳо аз Конститутсия ва қонунгузории вобаста ба интихоботи мамлакат ва санадҳои байналмилалӣ истифода менамояд.

 

Декабрь 16, 2019 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Фу Чонг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Департаменти давлатии Амрико аз осоиштагии интихоботи Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ кард
ВКХ Россия: интихобот дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шуд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон