Китоби нави дипломати тоҷик дар бораи сиёсати хориҷии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нашр шуд

Декабрь 9, 2019 16:47

ДУШАНБЕ, 09.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Китоби нави дипломати тоҷик, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода «25 лет внешней политики Президента Республики Таджикистан Эмомалӣ Рахмона (1992-2017гг): исторические аспекты становления и развития» (25 соли сиёсати хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (солҳои 1992-2017): ҷанбаҳои таърихии ташаккул ва рушд» аз чоп баромад.

Тавре аз номаш пайдост, ин китоб аз сиёсати хориҷии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарфи 25 соли охир ҳикоят мекунад. Таҳлили олимонаву коршиносонаи муаллиф имкон медиҳад, ки ҷомеаи васеи хонандагон — сиёсатшиносон, дипломатҳо, пажӯҳишгарон, муаррихон, устодони макотиби олӣ, донишҷӯён аз он ба таври густардаву ҳамаҷониба истифода кунанд.

Монографияи мазкур аз 6 боб иборат буда, қадам ба қадам хонандаро бо фаъолиятҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ, вижагиҳои раванди ташаккули сиёсати хориҷии мамлакат, самтҳои асосии ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби сиёсати хориҷии бисёрсамта, асосҳои консептуалӣ ва механизми сиёсати хориҷӣ, авлавиятҳои сиёсати хориҷӣ, дипломатияи иқтисодии мамлакат ва ғайра шинос месозад.

Зафар Сайидзода – дипломати тоҷик, доктори илмҳои таърих, муаллифи 68 китоб оид ба фалсафаи ҷомеа, таърихи наву навтарини кишварҳо, сиёсати хориҷӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ ва марбут ба забони Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Барандаи Ҷоизаи журналистии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон мебошад. 1 сентябри соли 2008 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ рутбаи your-asthma-info.com давлатии дараҷаи аввал дода шуд.

Декабрь 9, 2019 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд