Мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи сиёсӣ ва амниятии Иттиҳоди Аврупо

Декабрь 12, 2019 12:30

ДУШАНБЕ, 12.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 11 декабр дар шаҳри Брюссел дар ҳошияи ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндагони Кумитаи сиёсию амниятии Иттиҳоди Аврупо мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи пешрафту дастовардҳои Тоҷикистон ва кӯшишҳои мамлакат дар муқовимат бо хатару таҳдидҳои муосири амниятӣ, инчунин имконияти фаровони ҳамкории судманди давлати мо бо Аврупо изҳори назар кард. Муколамаи фарогир тамоми самтҳои ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро дар бар гирифта, пиромуни роҳҳои тақвияту таҳкими василаҳои ба ҳам овардани имконият ва манфиатҳо  тамаркуз намуд. Дар ҷаласа табодули афкор атрофи масоили умдаи минтақавию байналмилалӣ сурат гирифт. Намояндагони Кумитаи сиёсию амниятии Иттиҳоди Аврупо аз ислоҳоту кӯшишҳои Тоҷикистон дар амри тақвияти ҷомеаи пойбанд ба қонун ва демократӣ истиқбол карданд.

Инчунин 11 декабр дар шаҳри Брюссел Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Ҷозеп Боррелл мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ карданд. Аз сатҳу муҳтавои муносибатҳои зудрушдёбанда миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар доираи абзорҳои мухталифи ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ шуд. Мусоҳибон доир ба ҷанбаҳои асосии шарокати Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, амният ва ҳамкории минтақавӣ табодули назар доштанд. Гуфтугӯи судманд ҳамчунин дар атрофи масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак сурат гирифт.

Дар вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Хадамоти аврупоии робитаҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо  Ҳелга Шмидт, ки 11 декабр дар Брюссел  баргузор гардид, маҷмӯи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, инчунин мавзӯъҳои мухталифи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро баланд арзёбӣ намуда, доир ба ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки 10 декабри соли равон барпо гардид, мубодилаи афкор намуданд.

Аксҳо аз ВКХ ҶТ

Декабрь 12, 2019 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд