Намояндаи котиботи TADAT ҳолати маъмурикунонии андозро дар Тоҷикистон мусбат арзёбӣ намуд
ДУШАНБЕ, 27.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи Котиботи Воситаи Ташхисии Баҳогузории Маъмурикунонии Андоз (TADAT) Мунаввар Султон Хвонча ҳолати маъмурикунонии андозро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусбат арзёбӣ намуда, зикр кард, ки як зумра камбудиҳои ошкоршуда ба ҷониби Тоҷикистон ба сифати тавсия, ислоҳ ва иҷро пешниҳод карда мешаванд. Дар сурати идомаи ин гуна тарзи фаъолият Кумитаи андоз метавонад ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад.
Ин нукта 27 декабр дар ҳамоише, ки дар толори маҷлисгоҳи Нозироти андозсупорандагони калони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Маъмурикунонии андоз ва Воситаи Ташхисии Баҳогузории Маъмурикунонии Андоз» бо иштироки мутахассисони Воситаи Ташхисии Баҳогузории Маъмурикунонии Андоз (TADAT) ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёгии Рушд, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Хазинаи Байналмилалии Асъор баргузор шуд, зикр гардид.
Дар ҳамоиш мутахассисони TADAT натиҷаҳои санҷиши худро оид ба ҳолати маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд.
Зикр гардид, ки TADAT панҷ сол боз чунин баҳогузориро амалӣ карда, то имрӯз дар 77 кишвари ҷаҳон ин низоми баҳодиҳӣ гузаронидааст.
Ин баҳогузорӣ аз рӯи 32 нишондиҳанда, ки ҳар кадом аз 6 то 9 зербандро фаро мегирад, гузаронида шудааст.
Зикр карда шуд, ки мутахассисони TADAT бо мақсади баҳогузорӣ самтҳои натиҷабахши мақомоти андозро, аз қабили самаранокии идораи хавфҳо, расонидани ёрӣ ба андозсупорандагон ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳо, пешниҳоди саривақтии эъломияҳои андозӣ, пардохти саривақтии супоридани андозҳо, дурустии маълумоти дар эъломияҳои андозӣ қайдшуда, самаранокии расмиятҳои ҳалли баҳсҳои андозӣ, самаранокии идораи даромадҳо, ҳисоботдиҳӣ ва шаффофият мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба маълумоти иштирокчиён расонида шуд, ки мутахассисони TADAT баҳои худро вобаста ба низоми маъмурикунонии андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод мекунанд ва дар сурати мувофиқат, ҷамъбасти ниҳоии он дар сомонаи расмии ин ташкилот эълон карда мешавад.












Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд






