ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад

Декабрь 17, 2019 08:02

ДУШАНБЕ, 17.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар  ҷумҳурӣ  ҳаво тағйирёбандаи  бебориш мешавад.   Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ  бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа     гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 18-23 ва рӯзона  8-13 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар  ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.  Шамол  аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук  ва   рӯзона   аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар  ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм   ва рӯзона 13+18  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 2 дараҷа  хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар  ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти шарқ  бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0-5 дараҷа хунук  ва рӯзона 10+15  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва  рӯзона 0+5 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи  бебориш дар назар аст.    Туман мефарояд. Шамол аз самти  шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 1-3 дараҷа хунук ва  рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 17, 2019 08:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар Коллеҷи технологии Конибодом баррасӣ гардид
IRS: Ҳаракати тамоми намуди нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок таъмин аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Беш аз 300 гектар замини ноҳияи Айнӣ ба гардиши кишт ворид карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борон ва барф меборад
Оид ба робитаи фалсафа бо зеҳни сунъӣ машварат баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон дар Маркази тадқиқоти стратегӣ конфронс доир шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҳайати комиссияи экспертии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг вохӯрӣ намуд
«ШОҲНОМА»-ТУҲФАИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба сокинони шаҳри Гулистон ин асари безавол тақдим мегардад
Дар шаҳри Бӯстон бо ҷавонони фаъол оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон вохӯрӣ доир шуд
Деҳқонони шаҳри Ҳисор нақшаи ҷамъоварии пахтаро пурра иҷро намуданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Сокини деҳаи Деваштичи шаҳри Панҷакент бо истифода аз панелҳои офтобӣ чорворо бо хӯроки сабз таъмин менамояд