Президенти Тоҷикистон: «Раванди Душанбе дар соҳаи об» дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ эътибор пайдо кардааст
ДУШАНБЕ, 26.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Боиси қаноатмандист, ки чорабиниҳои байналмилалии ҷониби мо доир ба захираҳои об миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳти унвони «Раванди Душанбе дар соҳаи об» эътибор пайдо кардаанд, — таъкид намуданд имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ.
Ба гуфти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, дар ин радиф, мо тасмим гирифтаем, ки соли оянда ҷиҳати идомаи раванди мазкур ва татбиқи ташаббуси чоруми глобалии Тоҷикистон — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028 дар пойтахти мамлакат Конфронси байналмилалии сатҳи баланд баргузор намоем.
Дар ин росто, Вазорати корҳои хориҷӣ бояд якҷо бо дигар вазорату идораҳои мамлакат татбиқи амалии Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистонро пайгирона идома дода, ҷиҳати расидан ба натиҷаҳои матлуб тадбирҳои пайваста ва зарурӣ андешад.
Мо минбаъд низ бо мақсади тавсеаи бештари робитаву ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои шарик доир ба ҳалли масъалаҳои мубрам ва расидан ба ҳадафҳои мутақобилан судманд, инчунин таъмини манфиатҳои Тоҷикистон ва мардуми он дар арсаи байналмилалӣ талош хоҳем кард.








Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид






