Рӯзи кории бонкҳо дар Тоҷикистон дарозтар карда шуд

Декабрь 16, 2019 14:19

ДУШАНБЕ, 16.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 11 декабр Бонки миллии Тоҷикистон ташкилотҳои қарзиро (муваққатан) муваззаф кардааст, ки давомнокии рӯзи кории марказҳои хизматрасонии бонкиашонро дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ то соати 19:00  дароз намоянд.  Дар ин бора аз шуъбаи матбуоти  Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Иқдоми мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба мизоҷон, сари вақт гирифтани маблағҳои интиқолӣ ва истифодаи хизматрасониҳои дигари бонкӣ роҳандозӣ шуда, шаҳрвандон метавонанд маблағҳои интиқолии худро ҳамарӯза то соати 19.00 қабул ва ё ирсол намоянд.

Ёдовар мешавем, ки  низомҳои пардохтии «Юнистрим» ва «Контакт» ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пурра пайваст шудаанд. Аз 3 декабри соли равон шаҳрвандон метавонанд тавассути ин низомҳо бе мамониат интиқоли маблағҳоро анҷом диҳанд.

Декабрь 16, 2019 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд